Нашрияи Омӯзгор

Адаб тоҷест…

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

Одоб рафтори одамон дар ҷомеа нисбат ба якдигар мебошад. Ҳамаи он хислатҳое, ки дар инсон дида мешавад, маҳз аз одоб сарчашма мегиранд: ростқавлӣ, хушгуфторӣ, вафодорӣ, поктинатӣ ва монанди ин. Одоби ҳамида накутарин сифати инсонист, ки ӯро метавонад дар зиндагӣ муваффақ гардонад. Бузургони мо гуфтаанд:

Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав, ҳар ҷо,

ки  хоҳӣ.

Дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот ҳукм меронад.

Дар ташаккули инсон оила саҳми бузург дорад, зеро инсон нахуст аз оила тарбия меёбад. Дар раванди зиндагӣ инсон бо шахсиятҳое вомехӯрад, ки  аз  хислатҳои неки онҳо ибрат мегирад. Беҳуда нагуфтаанд : «Адабро аз кӣ омӯхтӣ? Аз беадабон». Ё  бузурге гуфтааст:

Ҷон дар тани марди беадаб

ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ,  адаб  харӣ,

арзон аст.

Аз беадабӣ касе ба мақсад

нарасад,

Зеро ки адаб  тоҷи сари

мардон  аст.

Дар ин ҷода оилаву мактаб баробар масъуланд. Аз таҷриба мебинем, падару модаре, ки фарзандонро хуб тарбия кардаанд, тез-тез ба мактаб меоянд ва аз хониши фарзанд бохабар мешаванд. Вале, баръакс, оилае, ки дар он фарзанд ба мушкилиҳо дучор шудааст, дар мактаб низ ҳамон мушкилӣ бештар мешавад. Аз ин рӯ, оила ва мактаб дар якҷоягӣ инсони воқеан ташаккулёфта ба воя мерасонанд.  Адаб, рафтору гуфтори нек аз ҷумлаи асоситарин хислатҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон барои инсонҳо муҳиму аввалиндараҷа ба шумор мерафтанду мераванд. Барои тарбияи насли наврас ва боодоб шудани онҳо, пеш аз ҳама, волидайн ва  мо, омӯзгорон,   бояд кӯшиш кунем, то ки дар оянда миллату давлат бо чунин фарзандони хеш ифтихор намояд.

Мавлуда Иззатуллоева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш