Нашрияи Омӯзгор

ҲАР ЧИ КОРӢ, ҲОСИЛИ КОРИДААТ ОН МЕШАВАД (Гузориш аз раванди аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм)

Сана: 2022-06-09        Дида шуд: 218        Шарҳ: 0

Тавре маълум аст, њамасола бо ба поён расидани машѓулиятњо дар муассисањои таълимии љумњурї, аттестатсияи аз синф ба синфгузаронї ва хатми хонандагон баргузор мегардад. Бо маќсади аз наздик шиносої пайдо намудан аз рафти баргузории аттестатсия аз якчанд мактаби Љамоати дењоти Роњатии ноњияи Рўдакї дидан кардем.

Нахуст мењмони хонандагону омўзгорони муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №51-и ноњияи Рўдакї, ки дар дењаи Моинкаљ воќеъ гардидааст, шудем. Сарвари таълимгоњ Саидакбар Асадов иттилоъ дод, ки имрўз хонандагони синфи 5 аз фанни забони модарї имлои санљишї менависанд. Дар синфи 10 хонандагон аз алгебра аттестатсияро ба таври хаттї дар шакли кори санљишї месупоранд. Хонандагони синфи 8 аз забони модарї наќли хаттї менависанд.

 – Аттестатсия дар мактаби мо чун дар тамоми шањру навоњии кишвар 3 июн оѓоз гардид-, тавзењ дод С.Асадов ва афзуд, ки он рўз хонандагони муассиса аз фанњои химия, адабиёти тољик, забони модарї ва забони англисї аттестатсия супориданд. Дар синфи 11 аз химия аттестатсия дар шакли саволњои тестї, синфи 9 навиштани эссе аз адабиёти тољик, синфи 4 имлои санљишї ва синфи 7 аз забони англисї низ имлои санљишї ба шумор мерафт. Санљиш ва натиљагирии саводи хаттию шифоњии хонандагон бозгўйи он аст, ки онњо ба аттестатсия бо омодагии комил њозир шудаанд. Умуман, натиљаи аттестатсияњо хушњолкунандаанд.

Мо бо њидояти љонишини директор оид ба корњои таълим Раљабгул Саидова ба синфхонањое, ки аттестатсия мегузашт, ворид шудем. Дар синфњои 5 (а, б, в, г) хонандагон аз забони модарї имлои санљишї менавиштанд ва матн – «Дар бозор» ном дошта, аз 106 калима иборат буд. Омўзгорони аттестатсиягиранда Лутфия Њаётова, Муътабар Бобохонова, Муниса Сирољова, Шањло Ѓайратзода, Шањноза Таѓоева ба ќоидањои  имло,  тарзи  талаффуз  таваљљуњи  амиќ  зоњир намуда,  саъй  бар  он  менамуданд,  ки  хонандагон  худро озод  њис  карда,  дар  навишти имлои  санљишї  ба  шитобкорї роњ  надињанд. Њамин тавр, хонандагони синфњои 8 аз фанни забони модарї аз рўйи матни «Иттифоќ» (аз асари Њусайн Воизи Кошифї) наќли хаттї менавиштанду хонандагони синфи 10 аз алгебра кори хаттиро, ки аз 5 мисолу масъала иборат буд, иљро мекарданд. Тавре директори муассиса С.Асадов иброз дошт, соли равон 41 нафар хонандаи синфи 11 мактабро хатм карда, аз онњо 38 нафар тариќи маркази тестї њуљљатњои худро ба донишкадаю донишгоњњо супоридаанд. Имсол ду нафар хонандаи таълимгоњ тариќи квотаи Президентї ба ДДОТ ба номи С.Айнї шомил шуданд.

Аттестатсия дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №49 низ бо маром идома дошт. Ба гуфтаи директори мактаб Панљшанбе Назаршоев, раванди аттестатсия тавассути камерањои видеої мушоњида ва назорат мешавад. Ин омил имкон медињад, ки аттестатсия шаффоф ва одилона гузарад. Дар муассисаи номбурда низ аттестатсияњо аз фанњои химия, адабиёти тољик, забони модарї, забони англисї дар синфњои 4, 7, 9 ва 11 љамъбаст ва натиљагирї шуд.

– Љамъбасти аттестатсияњое, ки рўзи аввал баргузор шуд, нишон дод, ки сатњи дониши хонандагон аз фанњои химия ва забони англисї ќаноатбахш аст, – изњор дошт директори таълимгоњ П.Назаршоев ва таъкид кард, ки бахусус, саводнокию донишазхудкунии хонандагони синфњои поёнї хеле хуб буда, касро хушњол месозад. Дар маљмуъ, дастоварду комёбињои хонандагону омўзгорони таълимгоњ назаррас буда, соли равон дар олимпиадаи минтаќавї 2 нафар хонанда аз фанни математика сазовори љойњои дуюму сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи сатњи љумњуриявї 1 нафар хонанда соњиби љойи ифтихорї гардид.

Раванди баргузории аттестатсияњо дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №45 низ мувофиќи маќсад буда, натиљаи дониши хонандагон аз он шањодат медињад, ки машѓулиятњои таълимї дар ин муассиса дар сатњи баланд ва љавобгў ба талаби замон ба роњ монда мешавад. Тавре сарвари муассиса Љамолиддин Њусейнов дар суњбат зикр кард, дар се синфи 9, ки 109 нафар хонандаро дар бар мегирад, аз адабиёти тољик эссе навиштанд. Бад-ин  тариќ, хонандагони  синфи  11а  (равияи љамъиятї – гуманитарї) аз фанни таърих аттестатсияро тариќи саволномаи  тестї, синфи  11б  аз химия (равияи умумї), синфњои 4 (5 синф) аз забони модарї имлои  санљишї,  синфњои  10а  аз забони  русї  шифоњї, 10б  (равияи  умумї)  аз  алгебра  хаттї, синфњои 5 аз забони модарї имлои санљишї ва синфњои 7 аз забони англисї имлои  санљиширо дар мавзуи  «Љумњурии Тољикистон» навиштанд. Бояд таъкид кард, ки муассисаи мазкур дар байни таълимгоњњои каламрави Љамоати дењоти Роњатї ва умуман, ноњияи Рўдакї яке аз муассисањои таълимии муваффаќ ва пешќадам ба шумор меравад. Имсол аз 48 нафар хатмкунандаи синфи 11, 36 нафар тариќи маркази тестї ба макотиби олї њуљљат супурдаанд. Дастовардњои омўзгорону хонандагони таълимгоњ касро хушњол месозад. Дар олимпиадаи фаннї, ки дар ноњия гузашт, 25 нафар хонандаи муассиса иштирок намуданд. 2 нафар – хонандагони синфи 10 Фарзод Азимхонзода ва синфи 11 Шарифмо Сулаймонзода, гирандагони стипендияи Президентї ва хонандаи синфи 10 Фирдавси Насимзод, гирандаи стипендияи раиси ноњия мањсуб меёбанд. Мудири кабинети методии раёсати маорифи ноњияи Рўдакї Саид Фозилов иброз дошт, ки соли љорї муассисањои таълимии ноњияро 3633 нафар хонандаи синфи 11, аз љумла, 1347 нафар духтар хатм хоњанд кард.  Аз ин теъдод 1911 нафар њуљљатњои худро тариќи Маркази миллии тестї ба донишкадаю донишгоњњои олї супоридаанд. Тавассути квотаи Президентї 24 нафар ба мактаби олї дохил шуданд. Доир ба аттестатсияњои аз синф ба синфгузаронї ва хатм дар таълимгоњњои ноњия бо хонандагон машваратњои тавзењї (консултатсия) гузаронидаву перомуни интихоби ихтисоси зурурї ва касби ояндаи онњо суњбатњо анљом дода шуданд. Дар муассисањои таълимии ноњия, дар маљмуъ, дар синфњои 4-11 63998 нафар хонанда аттестатсия месупоранд.  Аттестатсияи аз синф ба синфгузаронї ва хатм дар дигар шањру навоњии кишвар идома дорад.

Шодї РАЉАБЗОД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш