Нашрияи Омӯзгор

МУАЛЛИМ РОҲНАМОИ АҲЛИ БАШАР АСТ

Сана: 2022-06-16        Дида шуд: 212        Шарҳ: 0

Падарам муаллим буд, муаллимони дењаро дўст медошт, бисёр мехост ман муаллим шавам. Муаллим шудам, муаллими алифбои ниёгон ва орзуи падарам љомаи амал пўшид. 25 сол аст, ки фаъолияти омўзгорї надорам, вале њар гоњ ба дења равам, мардум бо ифтихор маро «муаллим» мегўянд.

Падарам њељ гоњ намехост, ки муаллим навбати пода равад, дар сањро кор кунад, боз ба корњои дигар машѓул шавад. Ин воќеият аст, ман ба навбати пода бисёр рафтаам, алаф даравидаам, аз сањро ѓўзапоя љамъоварї кардаам. Аммо њамаи инро ба њидояти падарам барои муаллимони дења кардам. Падарам њељ намехост, муаллимони дења як рўзи дароз бо њамин корњо банд шаванд.

Њељ аз хотирам намеравад, дар сањро ѓўзапоя љамъоварї мекардем.  Падарам ману бародаронамро супориш дод: «аввал ѓўзапояњои муаллими Исмонќулро љамъоварї намоед. Муаллими Исмонќул танњо як рўз истироњат дорад, рўзњои дигар дар мактаб аст. Бояд овораи кор нашавад.  Дар мактаб фарзандони дења ўро интизор...»

Ва ё мегуфт: «Говњои муаллими Шералї Тўрахон бе алаф намонад».  Муаллими Шералї Тўрахон, устоди падарам буд.

Дар тўйю сурњои хонаводагї, падарам муаллимони дењаро аз боло гузаронда, таъкид мекард: «Муаллим мартабаи олимро дорад, балки болотар аз он».

Падарам ба орзуяш расид, аммо њавасашро надид, њаваси муаллимии маро дар мактаби дења. Дар курси аввал мехондам, ки зиндагиро падруд гуфт. Аммо васияташро ба љой овардам, муаллим шудам.

Боре падарам саволам дод: «Ќањрамононро мешиносї?». Ман Восеъро мешинохтам, номи Восеъро гирифтам. Падарам табассум карду гуфт: «Дуруст гуфтї, Восеъ ќањрамон аст, ќањрамони халќ. Аммо ќањрамонњо дар љањон  зиёданд, њазор,  миллион  ва  зиёда  аз  он. Њамашон як ном доранд «МУАЛЛИМ».

Баъд дарёфтам, ки падарам дуруст гуфтаанд. Муаллимон ќањрамонанд, ќањрамони роњи дониш, ќањрамони роњи таълиму тарбия ва ќањрамони соњибдониш намудани насли башар. Зањмати софдилонаву содиќонаи муаллимон њамеша дар лавњи хотири мо пойбарљост…

Падарам, ки ба муаллиму мактаб муњаббати зиёд дошт, дар мавсими обуна, пеш аз њама, ба рўзномаи «Газетаи муаллимон» обуна мешуд. «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарќ»-ро њам дўст медошт.

Солњои 80-ум аз њисоби муаллимони донишгоњњои љумњурї, љамъияти «Дониш» дар байни кишоварзон маърўза мекарданд. Соли 1985. Дар синфи 6-ум мехондам. Лекторони љамъияти «Дониш» ба дењаи мо омаданд. Баъди анљоми маърўза, падарам ба яке аз лекторон савол дод: «бо писарам суњбат намо, росташро гўй, писарам дар оянда муаллим мешавад ё не?»

Инро њам дар ёд дорам. Падарам бори аввал ва охирон маротиба маро «беодоб» гуфт. Савори маркаб бо падарам ба сањро мерафтем.  Муаллими Шералї Тўрахон дар сари роњ буд, хостам пештар аз падарам саломаш дињам. Падарам гуфт, њељ мумкин нест, ин беэњтиромї ба муаллим аст, муаллими ман, муаллими мактаби дења. Бояд муаллими Шералї Тўрахон, пиёда наравад ва имрўз ва рўзњои дигар то анљом додани кораш, њамин маркаб дар ихтиёри муаллими Шералї Тўрахон монад, барои анљоми корњои хољагиаш…

Имрўз – чї? Савори мошинњои гаронарзиш мегардем. Муаллимоне, ки сабаќамон омўхтаанд, пиёда барои анљоми кори худ мераванд. Салом њам намедињем, саворашон намекунем. Чангу ѓуборе, ки аз паси мошинамон мехезад, ба рўйи муаллим мешинад. Гўё муаллимро надидаем, намебинем…

Мо њамаро фаромўш кардем. Мактабравї, мактабхониро низ. Муњаббати доштаи падаронро нисбат ба муаллимон.

Бисёр мехоњам, ки ягон муаллим фаромўш нашавад. Муаллим ќањрамон аст. Ќањрамононро набояд фаромўш кард.  Дар бораашон бояд навишт, ќиссањои рўзгорашонро ёдоварї кард. Муаллим, ки фаромўш шуд, љомеа ва худи мо фаромўш мешавем.

Медонед, ба ќадри муаллим расидан хеле осон аст. Як рўз не, як соат њам не, танњо ним соат муаллим шавед. Ба фарзандатон сабаќ омўзед, вазифа дињед, пурсед. Аммо ваќте ки фарзандатон чизеро надонист, асабї њам нашавед. Танњо шукргузорї намоед, муаллим њаст, ки зањмати зиёде барои фарзандони мо мекашад…

Аз ин рў, гуфтаниям, муаллимро дўст доред, эњтиром намоед. Барои ман ќањрамони асосї муаллим мањсуб меёбад. Ин ќањрамонро дўст медорам, эњтиром мекунам.

Мегўянд, ки омўзгор то дами марг омўзгор мемонад ва марги ў дарси дигаре барои инсонњост.

Боз мегўянд, ки омўзгор барои омўзиши башар аз Офаридгор дастур дорад ва бад-он мардумро њидоят менамояд.

Яъне барои њељ кас, дар њама давру замон ба љуз олим ва ё худ омўзгор маќому мартабае баландтарро ќоил набуданд. Ва њељ касро бештару бењтар аз он гиромї намедоштанд. Ва худ омўзгорон илмро бартар аз молу сарвати љањон донистаанд.

Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон њанўз 28 августи соли 1995 дар вохўрї бо фаъолони соњаи маорифи кишвар баён дошта буданд: «То замоне ки мо барои ањли маориф, зиёиён, онњое, ки офаранда, парваришдињанда ва муњофизи маънавиёт, ахлоќ ва маърифати љомеа њастанд, зиндагии сазовору шоистае муњайё накунем, маќому мартабаи онњоро ба дараљае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст»

…  Муаллимро  дўст  доред, хидматашро то метавонед, ба љо оред.

Ќурбоналї РАЊИМОВ,

корманди Иттифоќи касабаи

кормандони маориф ва илми

Љумњурии Тољикисто


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш