Нашрияи Омӯзгор

Омўзиши математика: мушкилот ва дурнамои он

Сана: 2022-06-02        Дида шуд: 390        Шарҳ: 0

Дар марњилаи начандон зиёди солњои охир татбиќи усулњои технологияи иттилоотї дар риштањои гуногуни тадќиќотї ва омўзишу рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф ањамияти бештар пайдо карда истодааст.

Чи  хеле  ки  ба  њамагон  маълум  аст, рушду пешравии њар як риштаи илм дар  радифи омўзиши  мафњумњои  илмї, инкишофи  сохтори дохилї, унсурњо ва меъёрњои он, инчунин, аз дараљаи  истифодабарии  восита  ва  усулњо  ва   шевањои илмњои  табиї  низ  вобастагии  зиёд  дорад.  Дар айни замон, дар улуми муосири љањонї истифода аз шевањои риёзї, хосатан, шевањои оморї ва воситањои хеле пешрафтаи техникаи компютерию коммуникатсионї дар риштањои адабиётшиносї ва забоншиносї падидаест, ки ба њукми анъана даромада истодааст.

Ќайд кардан зарур аст, ки донишњои математикї ањамияти калони амалї дошта, омўзиши ин фан дар ташаккули љанбањои ахлоќии инсон низ арзишманд мебошад. Омўзиши донишњои математикї саъю кўшиши аќлї ва ихтиёрї, тамаркузи диќќат, фаъолияти тахайюлоти  инкишофёфтаро талаб мекунад, ки он ба ташаккули чунин хислатњои ахлоќии шахсият, ба монанди суботкорї, маќсаднокї, мустаќилият, масъулиятшиносї, мењнатдўстї ва босуботиро дар њама шароити  мењнатию коргузорї  мусоидат  мекунад  ва  њар  фарди соњибаќл имкон медињад, ки малака ва мањорати мењнати аќлї –  банаќшагирии фаъолияти мењнатии шахс, дарёфти роњњои оќилонаи иљрои он,  бањодињии  интиќодї ба  натиљањо,  ки  дар  љомеаи  муосир  хеле муњим  мебошад, ташаккул  дињад.  Мањз тарбияи чунин хислатњо, ва ташаккули мањорат ва малакаи шахсият њадафи асосии таълими риёзї мебошад.

Ањамияти озмунњои фаннї ва мањфилњо имкон медињад, ки кор бо бачагони лаёќатнок ва ташаккул додани майлу хохиши устуворонаи минбаъда ба такмил додани дониши шогирдон мусоидат хоњад кард.

Таљриба нишон дод, ки озмунњои фаннї барои хонанда ва омўзгор нуќтаи ибтидоии гузаштан ба сатњи дигар мебошад. Натиљаи чунин озмунњо бар он оварда мерасонад, ки шогирдон ба ташаккули кобилияти худ ва муаллим бошад, ба љустуљўи услуби нави таълим иќдом намояд. Дар ин њолат на танњо љоиза дар ин озмунњо муњим аст, балки иштирок дар он, аз худ кардани таљрибаи нав низ муњим аст.

Аксар ваќт мо талабаеро ба озмун омода месозем, ки ў аз фанни математика ќобилияти муайян дошта бошад њам, вале солњои охир толибилмони «боистеъдод», «ситорањое»-ро, ки аллакай тафаккури фитрии ѓайристандартї доранд, пайдо кардан мушкил аст. Аз ин рў, тафаккури шахсонеро, ки ба математика шавќу њавас ва кобилияти муайян доранд, инкишоф додан лозим аст ва бањри љалби онњо ба омўзиши ин фан роњњои њавасмандкуниро фаъол гардонидан муфид ва муњим мебошад.

Дар айни замон дараљаи илмии супоришњои олимпиадањо аз фанни математика хеле баланд буда, хонандаро дар њар гуна озмун чї интизор аст, пешгўї кардан ѓайриимкон аст. Зимни тайёрї ба озмунњои фаннї, ба мавзуъњои дарсї мањдуд нашуда, пеш аз њама, адабиёти илмї ва методиро дастрас намуда, барои мустаќилона машѓул шудани хонанда пешнињод кардан ба маќсад мувофиќ мебошад. Ин усули омодагї имконият медињад, ки ќобилияти талабаро самаранок фаъол намуд. Барои тайёрї ба озмунњои фаннї сарфи назар аз кобилияти бачањои ба математика шавќманд, њамзамон ташкил ва гузарондани мањфилњо зарур аст. Ва танњо пас аз он ба дарсњои инфиродї гузаштан лозим аст.

Агар мо ба зинаи баландтар - тайёрї ба олимпиадаи сатњи шањрї ва љумњуриявї гузарем, пас, ин усули кор оќилона намебарояд. Дар ин љо муаллим бояд аллакай њамчун мураббии варзиш амал карда, тафаккури эљодї ва истеъдоди фитрии хонандаро дар омўзиши донишњои математикї инкишоф дода метавонад.

Мо назари худро оид ба наќши фанни информатика дар ташаккули донишњои математикї баён кардан мехоњем. Дар давоми 20 соли охир дар рушди технологияи компютерї љањиши шадид ба амал омад, ки ин, албатта, ба раванди таълим таъсири худро расонида метавонад. Њоло ќариб њар як омўзгор имкон дорад, оид ба масъалањои мубрами фаннї дар шакли электронї муаррифинома (презентатсия) тањия намояд, то њадаф ва вазифаи мавзуи дарсї аёнтар гардад ва муаллим бо шогирдони худ ваќти гаронбањоро самаранок истифода бурда тавонад. Набояд фаромўш кард, ки дар аксар мактабњо тахтаи электронї насб карда шудааст, ки ин воситањои электронї раванди омўзиши донишњои математикиро боз њам љолибтар ва ба таври динамикї рушдкунанда мегардонад.

Аммо ин навоварињо ба китоби дарсии мактаб чї гуна мувофиќат мекунанд? Љањиш дар соњаи иттилоотикунонии маориф воќеан таъсирбахш аст, аммо тавсифи мушаххаси як низоми методологии аз иттилоот бой офарида нашудааст. Њамаи инро дар низоми анъанавии таълим чї гуна бояд татбиќ кард?  Њамзамон, китобњои дарсии инфиродї ба забони тољикї дар шакли электронї мављуданд ё не?

Умуман, аз китоби дарсии фанни математика барои синфи 1-ум сар карда, то китоби геометрия барои синфи 11 њамагї як намуд китоб мављуд аст. Дар китобњои дарсии математика дар баъзе масъалањо ба хатої роњ дода шудааст ва ин ѓалатњои соњавї аз ин сол ба соли дигар бетаѓйир гузашта истодаанд. Агар ду ва ё се намуди китоби дарсї аз фанни математика бо мувофиќа бо барномаю стандарти Вазорати маориф ва илм ба мактабњои миёна пешнињод шавад, шояд ба бењшавии сифати таълим мусоидат намояд. Китобњои таълимї дар шароити раќобатпазирии муаллифони соњибтаљриба тањия гарданд, дар он сурат китобњои дарсии ба талаботи замон мувофиќро чашмдор шудан мумкин аст.

Њамин тариќ, маълум мешавад, ки таъминоти аёниятњои таълимї ва фаннї, татбиќи методии раванди таълим дар замони њозира аз талаботи муосири тањсилот хеле аќиб мондааст: мактаби муосир дорои захирањои зиёди электронї бошад њам, китобњои дарсии бо усулњои шахшуда тањияшуда дорем ва дар аксари маврид шевањои низоми муосири тањсилотро фаромўш карда, аз рўи низоми анъанавї таълим медињем.

Дар асоси њадафњои таълими фанни математика муаллими имрўз бояд захирањои иттилоотии мављударо самаранок истифода намояд, то сифати таълим дар њама зинањои тањсилот рў ба бењбудї орад ва раванди   босуръат таѓйир ёфтани самаранокии таълим ба амал ояд.  Мо дар дарсњо захирањои электронии таълимї ва навоварињои техникиро пайваста истифода мебарем, ки ин ба ба босуръат пеш рафтани љараёни таълим оварда мерасонад. Худи хонандагон метавонанд аз тариќи шабакаи Интернет маълумоти заруриро пайдо кунанд, дарсњои видеоиро дар мавзуъњои мавриди таваљљуњи онњо тамошо кунанд ва тестњои интерактивї супоранд. Маълум аст, ки ин гуна хонандагон њанўз зиёд нестанд, вале афзоиши шумораи онњо умедбахш мебошад.  Мутаассифона, на њама дар хона шароити дастрасии маводи Интернетро доранд, то аз захирањои муосири таълим бо маќсади мувофиќ истифода намоянд.

Вазифаи  муаллим  дар  чунин  маврид  аз он иборат аст, ки шогирдро роњнамої кунад ва ба ў дастрасии маълумоти заруриро таъмин намояд. Муаллим аллакай њамчун мураббї баъзан амал мекунад. Табиист, ки вазъияти  фанни  математика  дар  ин  бобат нисбат  ба  фанњои  гуманитарї  душвортар аст. Бале, дар айни замон байни китобњои дарсї,  методњои  таълимии  пешќадам, захирањои электронї номувофиќатї вуљуд дорад, вале фикр мекунем, ки омўзгор бо истифода аз мањорати касбї ин норасоињоро бартараф карда метавонад. Њоло дар бораи он ки хонанда бояд иштирокчии фаъоли љараёни таълим бошад, мутахассисон  дар  чорабинињои  илмию методї  бисьёр  сухан  меронанд.  Дар  бораи  стандартњои  нав,  ки  мувофиќи  онњо бояд худи талаба дар раванди таълмб фаъол  бошад,  бисьёр  сухан  меравад.  Фикр мекунем,  дар  айни  замон  чунин  шароит вуљуд дорад, соатњо дар китобхона нишастан лозим нест, маълумот дастраси умум шудааст.

Фаќат  мо,  омўзгорон,  бояд  њама  чизро ба як низом оварем. Бояд ба хонанда кумаки  методї  расонем,  то  ки  дар  ин  љараёни пурќудрати  иттилоотї,  ки  рўз  аз  рўз  зиёд мешавад, худро гум накунад.

Албатта, хуб мебуд, агар мактаб (њар як мактаб!) ба як маркази иттилоотї табдил ёбад, ки бо  технологияњои навтарин муљањњаз шудааст: мизњои  интерактивї, планшетњои шахсї, таљњизоте, ки ба василаи он таљрибањои гуногун ва кашфиёти математикиро дар ваќти муайян гузаронидан имкон  медињанд, тарњрезии роботњои интерактивї  ва  моделњои  амалиётии объектњои гуногуни воќеият мебошанд.

Р.САЪДУЛЛОЕВА,

номзади илмњои математикаю физика, дотсент,

омўзгори мактаби байналмилалии Президентї


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш