Нашрияи Омӯзгор

РИОЯИ ҚОНУН ВА ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТҲО

Сана: 2022-06-16        Дида шуд: 121        Шарҳ: 0

Дар љаласаи Шурои мутобиќсозии методї оид ба таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони назди раиси ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе, ки дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи номбурда барпо гардид, аз хусуси як ќатор камбудињои љойдошта дар соњањои гуногун сухан рафт.

Чунонки дар шуруи љаласа раиси ноњияи Фирдавсї Фатњиддин Усмонзода иттилоъ дод, Шурои мазкур бо  маќсади иљрои фармони  Президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 «Дар  бораи сиёсати њуќуќї ва таъмини тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон» ва ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 22 августи соли 1997, №383, «Дар бораи  баъзе  чорањои  бењтар  намудани тарбияи  њуќуќии  шањрвандон  ва  кори њуќуќї дар љумњурї», аз соли 2013 Шурои мутобиќсозии методї оид ба таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони назди раиси ноњия таъсис дода шудааст.

Зикр гардид, ки ин нињод оид ба таълими волоияти ќонун дар љомеа ва баланд бардоштани сатњи дониши њуќуќии ањолї, пешгирии ќонуншиканињо фаъолияти Шурои ноњиявї наќши муњим мебозад. Шуро маќоми машваратии байниидоравї буда, фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ, шуъба ва бахшњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия, кумита ва идорањои давлатї, ташкилотњо, муассисањо ва васоити ахбори оммаро оид ба тарбияи њуќуќии шањрвандон мутобиќ месозад.

Прокурори ноњияи Фирдавсї Фаррух Абдуќодирзода иттилоъ дод, ки мутаассифона, љинояткорї дар ноњия меафзояд. Масалан, дар панљ моњи соли љорї 518 љиноят ба ќайд гирифта шудааст, ки дар муќоиса ба њамин давраи соли гузашта 52 њолат зиёд аст. Боиси таассуф аст, ки сўиќасд ба худкушї ва худкушї дар байни ноболиѓон низ љой дорад. Ф.  Абдуќодирзода дар робита ба чунин амалњои номатлуб мисолњои амиќу даќиќ оварда, сабаби инро дар бетарафї ва фориѓболии баъзе аз нињодњои вобаста ба пешгирии чунин њолатњо ва бепарвоии падару модарон арзёбї кард. Бино ба гуфти ў, аксари волидон Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро сарфи назар мекунанд, ё бандњои онро хуб аз бар накардаанд.

Суханронии муовини сардори шуъбаи – 1 ВКД дар ноњияи Фирдавсї Сафаралї Довудзода ва муовини сардори шуъбаи Вазорати корњои дохилї - 2 дар ноњияи Фирдавсї Бањовуддин Сафарзода низ шунида шуд.

Муовини якуми раиси ноњия Шодимурод Аловиддинзода, њамзамон раиси комиссия оид ба ќонунигардонии дороињо дар назди Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Фирдавсї, вобаста ба фаъолияти комиссия гузориш дод. Дар анљоми чорабинї Шурои ноњиявии мутобиќсозию методї оид ба таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони назди раиси ноњияи Фирдавсї ќарорњои дахлдор ќабул намуд.

Њотами ЊОМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш