Нашрияи Омӯзгор

ҲАДАФ: ТАРБИЯИ ДУРУСТИ НАСЛИ НАВРАС

Сана: 2022-06-09        Дида шуд: 137        Шарҳ: 0

Бино ба таъкиди мутахассисони соњаи равоншиносї ва педагогикаи муосир, бояд се омили асосї – оила, мактаб ва љомеа дар татбиќи сиёсати иљтимоию фарњангї дар њамбастагї фаъолияти зичу мунтазам дошта бошанд.

Мењвари асосии конференсияи љумњуриявии илмї – амалї дар мавзуи «Заминањои педагогї ва психологии ташаккули шахсияти наврасону љавонон зимни тањќиќи масъалањои пешгирии амалњои номатлуб дар љомеа», ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва ибтикори Пажўњишгоњи рушди маорифи ба номи Абдурањмони Љомии АТТ дар њамин муассиса барпо гардид, ба масъалаи мазкур нигаронида шуда буд. Њамон тавре  ки Президенти  АТТ,  профессор Муњаммаддовуд Саломиён ќайд кард,  ин  мавзуъ  басо  муњим буда, пешнињоду ибтикор  оид ба ширкатдорон – муњаќќиќону омўзгорон,  тањлилгарони соњањои равоншиносиву педагогї дар амалї намудани њадафњои дарпешгузошта чорабинии  зикргардида муфид хоњад буд.

Лутфия Иматзода – директори ПРМ ба номи Абдурањмони Љомии АТТ, доктори илмњои педагогї, ки гардонандаи мањфил буд, афзуд, ки гузоришњои мавриди тањлил ќароргирифта дар шакли маљмуаи алоњида ба табъ расида, ба муассисањои дахлдори соња расонида мешаванд.

Профессор Хуррам Рањимзода оид ба мавзуи «Маърифати оила (ташкили системаи корњои маърифатї барои волидайн таќозои замон аст») суханронї карда, аз беањамиятии баъзе падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон изњори нигаронї кард. Мавзуи мавриди муњокима ќарордодаи номзади илми химия, мудири шуъбаи омўзиши фанњои даќиќ ва табиатшиносї Абдулло Орифов «Роњњои пешгирии ба зуњуроти номатлубу хатарноки ифротгарої гаравидани насли наврас» унвон дошт.  Номбурда зимни тањлилу баррасї таъкид намуд, ки яке аз сабабњои ба роњи хато, аз љумла, ба гурўњњои экстремистиву ифротгарої майл намудани љавонон надоштани донишњои сиёсиву њуќуќии онњост. Бинобар он, ў пешнињод кард, ки дар муассисањои таълимї бояд њарчи бештар вохўрии кормандони соњаи њуќуќ, калонсолони дар зиндагї обутобёфта ва мисли ин ташкил гардад. Сипас, маърўзачиён ба бахшњои тарбияи наврасону љавонон дар њошияи татбиќи ЌЉТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалањои мубрами психологию педагогии тарбияи наврасону љавонон дар шароити љањонишавї, љиноятсодиркунии наврасону љавонон дар љомеа ва таќвияти њамкорї бо  маќомоти дахлдор љињати пешгирии амалњои  номатлуб, мавќеи оила, муассисаи тарбиявї ва љомеа дар тарбияи насли  ватандўсту бомаърифат, худогоњу хештаншинос, наќши Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон  људо гардида, љамъулљамъ,  беш  аз панљоњ маърўзаро  дар  шакли  њузуриву  онлайнї  мавриди тањќиќу баррасї ќарор доданд.

Њотами ЊОМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш