Нашрияи Омӯзгор

ДОСТОНИ ҚАҲРАМОНОН Андешаҳо дар бораи романи «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷа

Сана: 2022-06-16        Дида шуд: 119        Шарҳ: 0

Моњи июни соли 2019 овозаи ба нашр расидани романи «Саройи санг»-и Ато Мирхоља ба гўшам расид. Барои дарёфтани асар њамаи китобфурўшињои шањри Душанберо гаштам, вале наёфтам. Аз ин рў, ба Иттифоќи нависандагони Тољикистон рафтам. Хушбахтона, муаллифи асар дар утоќи кориаш буд. Гуфтам:

- Ба ман як нусха китоби «Саройи санг» даркор.

Гуфт:

 -  Њозир занг мезанам, меоранд.

Тахминан баъд аз бист даќиќа китобро ба даст гирифтам ва Ато дар сањифаи аввали китоб ин байти зеборо навишт:

«Саройи санги мо дар хонаи ту,

Илоњо, хонабон бошад зи Неру».

Ато Мирхољаро чун шоир мешинохтам. Аз ин рў, шўхиомезона гуфтам:

 -  Шеъри бисёр навиштї. Китобњои зиёд њам ба табъ расондї, аммо дили ман гувоњї медињад, ки туро ин асари љолиб соњибљоиза мегардонад.

Солњои баъдї китобњои дуюм ва сеюми ин асар ба табъ расиданд.

Ман шарм медорам, ки баъди андешањои устодон Саттор Турсун, Абдулњамид Самадов, Гулназар Келдї, Шамсиддини Солењ, Њоким Ќаландариён, Суннатулло Љонбобоев, Сайфулло Мањкамов, Шоњзодамуњаммад Шерзодшоев, Замира Ўлмасова, доктори улуми таърих Њайдаршоњ Пирумшоев дар бораи ин асар аќидаи худро баён намоям, вале чун хонандаи одї шодии ќалби худро баъди мутолиаи ин асар пинњон дошта наметавонам.

Хабари ба Љоизаи ба номи Абуабдуллоњи Рўдакї пешнињод шудан романи «Саройи санг»-ро шунидаму ба маќоли «фариштагони даргузар омин кардаанд» эътиќодам зиёдтар шуд. Дар насри тољик то имрўз дар бораи Бадахшон асари комиле навишта нашуда буд. Дар «Шўроб»-и Рањим Љалил чанд персонажи бадахшонї иштирок мекунанду халос.

Хонандаи тољик то имрўз дар ин мавзуъ танњо романи «Нисо»-и Павел Лукнитскийро мутолиа кардаасту бас. Ато Мирхоља то навиштани ин роман, ки дар чанд љилд ба итмом расиданашро њатто худи муаллиф намедонад, драмањо ва њикоёти зиёде навишт ва то андозае худро ба навиштани наср омода намуд. Ќисме аз ин њикояњо дар китоби «Андозчини рўзадор» пешкаши хонандагон гашт.

Ато Мирхоља таърихи бойи Бадахшонро дар чорчўбаи назм ѓунљонида натавонист ва рў ба наср овардани ў бурди адабиёти муосири мост. Роњро барои эљоди силсиларомани «Саройи санг» «Таърихи Бадахшон», ки ба ќалами донишмандон Охон Шоњфитур Муњаббатзода ва Охон Сулаймон Ќурбонмуњаммадзода тааллуќ дорад, кушодааст.  Нависанда баъди чуќур омўхтани асари ин донишмандон миёнро мањкам баста, ба эљоди асар шуруъ намудааст. Романи «Саройи санг» бо забони шевою оммафањм эљод гардидааст ва барои имрўзиён ва ояндагон хизматњои босазое хоњад кард.

Хонанда баробари ба мутолиаи ин роман пардохтан дигар наметавонад онро аз даст гузорад, чунки ќањрамонњои асар чунон сењраш мекунанд, ки барои донистани таќдири онњо сањифа ба сањифа ба пеш меравад:

«Љањонгир аз дарбори шоњ бо табъи хира баргашт. Ваќте ки аз дарвозаи ќалъа бадар омад, эњсоси маѓшуши пирї тамоми баданашро якбора фаро гирифт. Аз њаштод гузашта бошад њам, то кунун дар рагу пайвандаш хуни пањлавонї аз љўш намондааст. Аммо суханони тунду тањќиромези Муњаббатхон, гузашта аз ин, ба замин задани обрўи пањлавони солхўрда вуљуди Љањонгирро дарњам шикаст, гўиё аз тори кўњ банохост санги азиме канда шуда, ба сараш зад ва устухонњои ўро реза-реза кард».

 Худи њамин даромади сухан хонандаро ба он вомедорад, ки пеш раваду пеш равад ва аз ин бањри бепоёни сухан донањои марвориду гавњари суханро чинад ва ба рўзгор ва софдилї ва таъриху урфу одати ањли кўњистон шинос гардад.

Метавон гуфт, ки романи «Саройи санг» бењтарин дастоварди насри давраи Истиќлол аст.

Асосгузори романи таърихї дар адабиёти муосири мо Сотим Улуѓзода мебошад. Муаллиф кори ин адиби номварро идома дода, асаре офаридааст, ки мавзую муњтавои ва ѓояву дарунмояи он воќеањои нимаи дуюми асри нуздањумро фарогир аст. Ман дар назди худ маќсад гузоштаам, ки фаќат оид ба китоби якуми ин асар аќидаамро баён намоям.

Дар навиштани асар нависанда усули њикоя андар њикояро истифода бурдааст, яъне њар боби асар сарлавњаи алоњида дорад. Китоби аввал аз шасту ду боб, яъне шасту ду њикоя иборат аст.

Бояд ќайд кард, ки Ато Мирхоља хонандаи хешро аз рўи диди шоирона бо обу ранги бадеї ба расму русум ва таърихи як гўшаи зебои диёр ошно мегардонад.

Воќеањои китоби якуми роман дар давраи шоњигарии Абдурањимхон (1857-1867) ва писараш Муњаббатхон (1867-1871) мегузаранд. Бесалоњиятии ин шоњони золим дар асар хеле хуб корбаст гардидааст.

Истисмори одам аз тарафи одам яке аз мавзуъњои марказии асар аст. Кор ба љое мерасад, ки Муњаббатхон дар замони сарвариаш њатто рањми бародари кучаки хешро намехўрад.

Романи «Саройи санг» барои омўхтани номи мањалњои Бадахшон низ чун як дастур хизмат карда метавонад.

 Нависандаи закитабъ дар образњои типпикунонидаи мусбати асар Саид Фаррухшоњ, Љањонгир, Мирзоазиз, Мулло Хишол, Манзаршоњ, Доробшоњ, Хайримуњаммад ва садњо персонажи дигар матонату мардонагии мардуми кўњистон ва њисси худшиносии миллии фарзандони барўмандро нишон додааст, ки онњо якљоя образи халќи зањматкашро ташкил медињанд.

Дар асар бо воситаи вожањо Ато Мирхоља портретњое меофарад, ки эљодкорро чун рассоми мониќаламе дар назар љилва медињанд.

Аслан портретофарии устод Садриддин Айнї, ки захираи бойи луѓавї дошт, хеле љолиб буд. Ато Мирхоља низ чун устод Айнї дар офаридани портретњои мусбату манфї муваффаќ гаштааст.

Масалан, симои Мирзоазизро аз нигоњи бобояш хеле љолиб офаридааст: «Тану тўш, бозуву кўполи Мирзоазиз  ўро  њаждањ-бистсола  нишон  медоданд. Њайкали чорпањлу, чењраи  зебои бељурм,  бинии  теѓдори  баланд, пешонии  васеъ,  чашмони  сиёњи барроќ,  абрувони  сермўй,  гардани баланди баќувват, рухсорањои сурху  мўйсари  љингилаи  зич  аз тандурустї  ва  тавоноии  ў  дарак медоданд».

Њамин тариќ, нависанда симои манфури  Ќулмуњаммадбекро, ки  як  образи  манфист,  хеле  хуб меофарад:  «Вай  љавонмарди шуѓнонии  тахминан  сию  панљ  - чилсолаи  ќаддарози  биникалоне буд  бо  абрувони  каммўй,  риши кулўтаи сиёњ, чашмони айёр, гардани дароз, пайкари чолоку чандир».

Њангоме  ки  кас  романи  «Са-ройи  санг»-ро  мутолиа  мекунад, дармеёбад,  ки  сањифае  бе  факту далел нест. Њамаи инро тахайюлоти  нависанда  пиндоштан  хатост. Маълум  мешавад,  ки  нависанда арои офаридани ин асари љолиб роњи  тўлониро  тай  кардааст,  бо њазор касу њазор маъхаз рў ба рў омадааст, то ин асари гаронбањо ба дасти хонанда расад.

Хонанда њис мекунад, ки нави-санда пеш аз офаридани ин асари бебањо  аз  Ишкошим  то  Мурѓоб, Бартанг, Ванљ, Дарвоз, Рўшон ва ѓайраро  дења  ба  дења  гашта,  бо мардум њамсуњбат шудааст, аз пирони рўзгордида сабаќ омўхтааст.

Китоби  якуми  асар  бо  марги  яке  аз  ќањрамонњои  марказии  асар  Исњоќ  ба  поён  мерасад. Исњоќ пеш аз марг зану шавњари љавон  Сабзќадам  ва  Сабзагулро аз  доми  асорат  мерањонад  ва  бо худ  ба  Бадахшон  расонданї  ме-шавад,  вале  дар  нимароњ  марг ўро  дармеёбад  ва  охирин  васи-яти  худро  баён  мекунад:  «Хеле хуб...—  суханашро  ба  азобе  идома дод Исњоќ,— маро дар њамин љо  гўронед.  Ќафо  нагардед,...  ба ватан  равед...,  рост  ба  назди... Љањонгир...  Афсўс, ѓарибгўр  шудам.  Ба  халќ  узри  маро  бирасо-нед, бигўед, ки маро бибахшанд... Ман сазовори маргам...

Ў дусе бор лаб љунбонду љон дод».

Забони асар хеле љолибу дилкаш аст. Нависандаи пуртаљриба, ки пеш аз ин роман ќиссаи љолиби њаљвии «Сагољак»-ро офаридааст, дар асар  аз  зарбулмасалу  маќол ва иборањои рехта ба таври фаро-вон истифода бурдааст.

Бешубња, романи бисёрќисмаи «Саройи санг» сазовори ќадрдонї ва љоизањост.

Исмоил ЗАРИФЇ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш