Нашрияи Омӯзгор

ТАЪРИХНОМАИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ

Сана: 2022-06-09        Дида шуд: 147        Шарҳ: 0

Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронињои худ бо ањли зиёи кишвар њамеша пуштибонї аз забони тољикї ва поку беолоиш нигоњ доштани онро тарѓиб менамоянд. Як далели барљастаи арљгузорї, муњаббат ва посдории забони тољикї аз љониби Пешвои миллат асари дуљилдаашон «Забони миллат-њастии миллат» ба шумор меравад.

Андешаи љолибе, ки дар сарсухани китоби мазкур баён гардидааст, мењри беандоза ба забони тољикї доштан ва онро шиносномаи миллат ва рўњи поки гузаштагон хондан ва сидќан ба ин забон арљ гузоштан мебошад. «Барои ман забони тољикї на танњо воситаи гуфтугўю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рўњи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рў, ман ба ин забони шевои шоирона сидќан арљ мегузорам, бо њисси баланди ватандўстї аз минбарњои баланд бо ин забон сухан мегўям, аз лањни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавї мебарам ва њастиамро бо њастии забонам пайванд дониста, ин гавњари хушоб ва дури љањонтобро пайваста ситоиш ва тарѓиб менамоям» (сањ.6).

Аз ин рў, пешнињод менамоем, ки њамин суханони гуњарбори дар ќатори дигар Пешвои миллат дар девори долонњои муассисањои таълимии факултетњои филологї ва ба муносибати Рўзи забони давлатї гузошта шавад.

Дар њар ду љилди китоб хусусиятњои хоси њар як давраи инкишофи забон ва услуби адиб, аънои луѓавї, калимасозию истилоњот ва ѓайра тасниф шудааст.

Муњтарам Президент дар ќисмати саргузашти таърихии вожаи «тољик» ва забони тољикї ишораи нозуке доранд: «Дар бораи вожаи «тољик» ба маънои ќавм, миллат ва ба мафњуми истилоњи забоншиносї, яъне забон маводи фаровон љамъ омада, назарияву андешањои гуногун то имрўз иброз гардидааст. Вале бо вуљуди чунин маводи фаровон дар илми забоншиносии ватаниву хориљї ва баррасињои љиддии илмї, то њол хулосањои нињоии илмї бароварда нашудааст… Бинобар ин, решаи калимаи «тољик»-ро ќабл аз њама бояд дар матнњои бостонї љустуљў кард» (сањ.81).

Андешањои хешро перомуни вожаи «тољик» бо такя ба асарњои таълифнамудаи донишмандон ва забоншиносони машњури Аврупо (асрњои XVIII-XIX), иброз медоранд.

Њамчунин, андешаи олими рус Ф.Д.Люшкевичро, ки фарзия ва санади илмї надорад ва афсари рус Е.К.Мейендорфро, ки соли 1826 асаре чоп кардаанду дар бораи решаи вожаи «тољик» чизе намегўянд, ќотеона рад менамоянд.

Дуруст аст, ки ба сари халќи тољик чї ќадарфољиаю дањшатњо аз тарафи дигар халќњои олам (арабњо, чингизиён, темуриён ва диг.)  омадааст. Халќи тољик бо сабру тањаммул онњоро паси сар карда, баъди њазор сол соњиби истиќлоли давлатї гардид.

Пешвои миллат бо ифтихор аз забони хеш ёд мекунанд ва менависанд, ки, «умедворем, ки забони модарии мо бо собиќаи њазорсолаи илмии худ ва саъю кўшиши пайвастаи донишмандону алоќамандони дўстдори он аз ин имтињони љиддї низ сарбаландона мегузарад» (сањ.247).

Аз маќоми баланди забон дар ањди Сомониён низ сухан ронда, онро давраи шукуфоии забони тољикї мешуморанд. Мусаллам аст, ки коргузорї дар яке аз соњањои муњимми давлатдорї мањсуб меёбад. Дар давраи Сомониён њуљљатнигорї маќому љойгоњи вижаи худро дошт. Чунончи, дар давраи њукмронии Насри Сомонї барои дањ девон дар алоњидагї бино сохтанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ганљинаи илму адаби дунё номњои устод Рўдакї, Њаким Фирдавсї, бни Сино, Шайх Саъдї, Љалолуддини Балхї, Носири Хусрав, Абўрайњони Берунї ва дигарон љовидона сабт гардидаанд.

Дар китоб доир ба забони асарњои бадеї маълумоти сањењ дода шудааст.  Аз љумла, зикр шудааст, ки: «Забони Мавлоно дар «Маснавии маънавї» фасењу мардумї мебошад. Шоир бо забони содаю равон маќсади худро баён карда, андешањояшро возењ ифода месозад» (сањ.39).  Дар рафиди дигар мутафаккирону шоирони тавоно ва донишманди ирфону адаб Камоли Хуљандї аз зумраи парвардагони Хуљанди бостонист, ки: «то забони тољикиву шеъри тољикї побарљост, мазори ў гулборон ва руњаш нурборон хоњад монд» (сањ. 51).  Дар ѓазалњои Њофиз забони ширину шевои тољикї дурахши тоза пайдо карда, мавзуъњои гуногун, аз ќабили васфи хонавода, ишќу ошиќї, ташвиќи риндиву љавонмардї тавсиф мешаванд сањ.60).   Забони баёни Љомї њам дар назм ва њам дар наср содаву равон буда, зуд ба дили хонанда роњ меёбад. Яке аз суханварони забардаст Зебуннисо мебошад, ки: «…забонаш ширин, ба омма фањмо ва шеърњояш равонанд…» (сањ.117) ва монанди инњо.  Њамчунин, барои исботи фикр чандин намунаро иќтибос меоранд.

Дар асар доир ба нома ва номанигорї далелњои аљиб оварда шудааст, ки љолиб ва тозаанд. Хонњои мутаассиби муѓул бештар кўшиш мекарданд, ки номањои худро бо забони муѓулї ва хатти уйѓурї нависанд.  Вале вобаста ба вазъият, бо забони тољикї њам навишта шудаанд.  Масалан, номае, ки Гуюкхон ва Папа Инокентийи 4 ба воситаи Плиний Карпиний – рўњонї ва намояндаи Папаи Рим фиристодааст, бо забони тољикї тањия шудааст (сањ.22).

Дар робита ба ин масъала, Пешвои миллат илова намудаанд, ки: «Забони тољикї дар тамоми давраи њукмронии Темуриён забони расмї ва дарбори онњо буда, коргузорї, дафтардорї, муросилот, идора ба ин забон сурат мегирифт.  Њатто муњри шахсии Амир Темур ба забони тољикї буда, дар он суханони «Ростї, растї» њаккокї шуда буд. Чанде аз номањои худи Темур имрўз дар осорхонањои љањон мањфуз мондааст, ки аксаран бо забони тољикї ва ќисман ба забони арабї иншо шудаанд. Масалан, аз панљ номаи Темур ба Султон Боязиди Усмонї чор номаи он ба тољикї навишта шуда, љавоби онњо њам ба ин забон аст» (сањ.65).

Танњо дар боби дуюми фасли «Фарњангнигорї дар Њинд» бо истинод аз «Луѓатнома»-и Дењхудо шумораи фарњангњо 250 китоб нишон дода шудааст.

Дар садаи ХХ доир ба сањми зиёине ба монанди Абдуррауфи Фитрат, Тошхўља Асирї, М.Бењбудї, С.Айнї, Мирзо Сирољи Њаким ва дигарон маълумоти нодиру фарогир дода шудааст. Пайдоиши матбуоту таъсири он ба забони тољикї, калимасозї ва истилоњсозї дар ин давра хеле назаррас мебошад. Бояд тазаккур дод, ки забони адабии тољикии ибтидои асри ХХ тањаввулоти азимеро аз сар гузаронд ва таѓйироти иљтимоиву сиёсии ибтидои садаи ХХ дар инкишофи босуръати забони тољикї ва раванди ташаккули сабку услубњои он шароити мусоид ба вуљуд овард.

Њамин тавр, омўзиши сайри таърихии забони тољикї имкон медињад,ки  мо забонамонро  дўст дорем, барои њифзи он талош варзем ва ба хотири ѓанї гардонидани он тамоми неруи зењнии кишварро сафарбар карда, рушди бемайлони онро таъмин намоем.

Хулосаи калом њарду ќисми китоби «Забони миллат-њастии миллат», дар њаќиќат, таърихнома ва шиносномаи забони миллии мо мањсуб ёфта, дар он сайри таърихии забони тољикї инъикос гардидааст.

Муњаммад НАСРУЛЛОЊЗОДА,

докторанти ДДЗТ ба номи

Сотим Улуѓзода

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш