Аз 1 июли соли равон дар кишвар ќабули хонандагони синфи якум ба соли тањсили 2022-2023 оѓоз мегардад, – иттилоъ дод сардори раёсати тањсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Зиёратшоњ Назруллозода.
Мавсуф зикр намуд, ки имрўзњо дар тамоми муассисањои таълимии мамлакат омодагї ба соли нави хониш дар сатњи баланд љараён дорад. Дар баъзе аз ноњияњои дурдасттарини мамлакат ќабули хонандагон ба синфи якум аз нимаи моњи июн низ оѓоз мешавад.
Тибќи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумї барои ба синфи якум ќабул намудани хонандагон њуљљатњои зерин: вараќаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба ќабул, шањодатномаи таваллуди кўдак, њуљљати тиббї, ду нусха шиносномаи волидайн, шањодатномаи аќди никоњ ва маълумотнома аз љой зист талаб карда мешаванд.
Тибќи Барномаи омода намудани кўдакони 7-сола ба тањсил ба синфи 1-ум (барои як моњ), ки бо Ќарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст, баъд аз номнавис гардидани хонандагон аз 1 август оѓоз мешавад. Дар ин давра ба хонандагони синфи якум давраи шиносої гузаронида мешавад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр