Нашрияи Омӯзгор

СИФАТИ ТАҲСИЛОТ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Сана: 2022-06-16        Дида шуд: 115        Шарҳ: 0

Чанде ќабл бо ибтикори шуъбаи инноватсия ва технологияи таълими Академияи тањсилоти Тољикистон дар мавзуи «Мушкилот ва роњњои бењтарсозии сифати тањсилот» мизи мудаввар баргузор гардид. Нахуст Президенти АТТ, профессор М.Саломиён сухан ронда, аз љумла, зикр намуд, ки соњаи маориф дар љумњурї тайи солњои охир дар заминаи дастгирию иќдомоти дилсўзонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон рушду такомул ёфта, дар низому шевањои таълим ислоњот ва дигаргунињои бузурге ба амал омаданд.

Тадбирњои амалие, ки аз љониби Њукумат ва Давлат дар ин самт андешида шудаанд, дар назди кормандони соња ва дар умум, ањли маориф вазифа мегузорад, ки барои баланд бардоштани сатњу сифати тањсил ва  донишазхудкунии  хонандагон  саъйю  талош  намуда, корњои  судбахшу  муассирро анљом  дињанд,  ки  таъсиси  шуъбаи  назорати  сифати  тањсилот дар Вазорати маориф ва илми кишвар ва фаъолияти чандинсолаи  Агентии назорат дар соњаи маориф ва  илми  назди  Президенти  Љумњурии  Тољикистон  аз њамин ќабил ба шумор меравад. Сипас, номзади илмњои филология, сармутахассиси шуъбаи инноватсия ва технологияи таълими АТТ Азим Байзоев дар мавзуи «Мушкилоти муайян намудани сифати тањсилот ва роњњои баланд бардоштани он» маърўза карда, аз љумла, ќайд намуд, ки то имрўз дар хусуси мафњуми сифати тањсилот фикрњо гуногун буда, тавсифи ягонаю мушаххаси ин мафњум вуљуд надорад. Барои муайян намудани сифати тањсилот таърифњои зиёде истифода шудаанд. Дар фарњангу луѓатномањои педагогию методї ва дидактикї ин мафњум ба сурати зайл тавсиф шудааст: мутобиќати тањсилот ба талабот ва меъёрњо (стандартњо)-и дар соњаи маориф ќабулшуда, сатњи муайяни  донишњо  ва  малакањо, рушди  аќлонї,  маънавї  ва љисмонї,  ки  онро  хонандагон дар  зинањои муайяни тањсилот вобаста ба њадафњои наќшавї ба даст  меоранд, мутобиќати донишњои  андўхта барои  истифодаи  онњо  дар  вазъиятњои  мушаххас барои ба даст овардани њадафњои мушаххас ва баланд бардоштани  сифати  фаъолият. Сифати тањсилот аз рўйи истифодаи донишњои андўхта дар бозори мењнатї муайян карда мешавад.  Номбурда дар идома зикр намуд, ки сифати тањсилот категорияи педагогї – иљтимоиест, ки њолат ва самарабахшии љараёни таълиму тарбия ва мутобиќати онро ба стандарту барномањои тањсилот ва талаботу ниёзмандињои љомеа дар самти ташаккул ва рушди салоњиятмандињои шањрвандї, иљтимої ва касбии шахсият муайян менамояд. Ба омилњо ва нишондињандањои муайянкунандаи сифати тањсилот мазмуни тањсилот, китобњои дарсї, маводи иловагии таълим ва сатњи таъминот бо онњо, шаклу методњои таълим, аз љумла, методњои навоварона ва иттилоотї, заминањои моддї-техникї, њайати кадрї, донишомўзон (хонандагон, донишљўён), инфрасохтори муассисаи таълимї ва ташкили љараёни таълим дохил мешавад. А.Байзоев дар хотима таъкид намуд, ки бояд механизми баргардониши нишондињандањои миќдорї ба нишондињандањои сифатї муайян ва мушаххас гардад, барномањои компютерии таъсири мутаќобилаи ин омилњо тањия ва истифода шаванд.  Мутаассифона, то имрўз ду омили асосии берунии таъсиррасон ба сифати тањсилот ба назар гирифта намешавад, ки он таносуби тайёр кардани мутахассисони зинаи ибтидої, миёнаи касбї ва тањсилоти олии касбї ба њисоб рафта, 100 њазор донишљўйи зинаи ибтидої (миёнаи касбї) дар баробари бештар аз 215 њазор донишљўйи муассисањои тањсилоти олии касбї ќарор дорад. Бояд ин нишондињанда баръакс бошад. Њамчунин, шаф-фофияти бозори мењнат, сиёсати шаффофи кадрї аз мушкилоти сангини замони мост. Агар донишљў итминон дошта бошад, ки  барои  бо  кор таъмин гардидан меъёри асосї сатњи дониш ва салоњиятмандии ў мебошад, дар њама гуна шароит барои рушди салоњиятњои худ сахт кўшо  мешавад.

Перомуни масъалаи мазкур устоди ДМТ Ќутбиддин Мухторї андешањояшро иброз дошта, хотиррасон намуд, ки дар ин раванд тарбияи ахлоќии хонандагон муњим буда, ин омил дар муайян намудани сифати тањсилот набояд аз мадди назар дур монад.  Сармутахассиси АТТ Љамила Њакимова дар хусуси кўдакони имконияташон мањдуд њарф зада, ќайд кард, ки сифати тањсилот дар мавриди муассисањое, ки ба таълиму тарбияи ин гурўњ хонандагон машѓуланд, бояд муайян ва мушаххас карда шавад.  Ноиби президенти АТТ, академик Ирина Каримова зикр намуд, ки масъалаи сифати тањсилот, ки дар маърўзаи А.Байзоев хеле хуб тањлил ва баррасї гардид, умда ва замонавї мебошад. Ба андешаи ў, сифати тањсилот ба омилњое, амсоли дастовардњои инфиродии хонандагон, сатњи баланди касбияти омўзгорону устодон, директорони муассисањои таълимї ва љонишинони онњо, фаъолияти инноватсионии муњассилин, раванди идоракунии љараёни таълим ва њамзамон, интихоби огоњмандонаи довталабон барои шомил шудан ба мактаби олї, сатњу сифати таълим ва сифати дониши хатмкунандагони донишгоњу донишкадањо иртиботи ногусастанї дорад. Директори  Агентии  назорат дар соњаи маориф ва илми назди Президенти  љумњурї  Икром Субњонзода барои ноил  гардидан ба сифати баланди тањсилот омилњоеро,  аз  ќабили  омода намудани мутахассисони омўзгории касбии соњиблаёќат, њавасмандгардонии  хатмкунандагони муассисањои таълимї дар масъалаи  шомил гардидани дохилшавандагон ба муассисањои тањсилоти олии  касбии равияи омўзгорї, пеш аз њама, баланд бардоштани  музди  мењнати омўзгорон, банаќшагирии фаъолияти мушаххасу дурусти шуъбаю  бахшњои назорати сифати тањсилот дар  шањру  навоњї,  дастрасии  пурраи  њар як хонанда ба китобњои дарсї ва сифати китобњои  мазкур,  фаъолияти љиддии  назоратї аз љониби  директорон,  муайян  кардани  меъёри  сифати  тањсилот, таљдиди назар намудани меъёрњои сатњу сифати  донишазхудкунии  хонандагон ва ѓайра муњим ва созгор  ба  талаби  давр  њисобид. Њамчунин,  дар  атрофи  масъалаи  сифати  тањсилот  профессори  ДМТ  Саъдуллољон Неъматов,  узви  вобастаи АТТ, профессори ДДЗТ ба номи С.Улуѓзода С.Шербоев, доктори илмњои педагогї Ф.Гулмадов,  директори Маркази љумњуриявии технологияи иттилоотию  коммуникатсионї А.Гулов, мудири шуъбаи ПРМ Д.Имомназаров,  директори Пажуњишгоњи  рушди  маориф ба номи Абдурањмони  Љомї, доктори  илмњои  педагогї Л.Иматова, директори Маркази љумњуриявии  таълимию методї Р.Мирзозода, директори муассисаи нашриявии  «Маориф»  К.Исозода  ва  мудири шуъбаи инноватсия ва технологияи педагогии АТТ, номзади илмњои педагогї Сайфиддин Камолзода  сухан  ронда, пешнињод намуданд, ки барои њалли масъалаи  сифати  тањсилот  санадњои меъёрии њуќуќї ќабул ва ба танзим дароварда шавад.

Дар фарљом президенти АТТ М.Саломиён таъкид намуд, ки масъалањои баррасишуда набояд дар рўйи коѓаз боќї монанд, балки дар нињоду муассисањои дахлдори Вазорати маориф ва илми љумњурї мавриди натиљагирї ва татбиќи амалї ќарор дода шаванд.

Шодї РАЉАБЗОД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш