Нашрияи Омӯзгор

НАТИҶАҲО ҚОНЕЪКУНАНДААНД

Сана: 2022-06-16        Дида шуд: 44        Шарҳ: 0

Дар муассисањои таълимии кишварамон аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм бо маром идома ёфта истодааст. Бо маќсади шиносої аз љараёни аттестатсияи хонандагон аз муассисањои таълимии шањри Кўлоб дидан намудем. Дар муассисаи таълимии №11 директораш (С. Шомуродов) хонандагони синфи 11 (б, в) аз фанни химия (тест) ва хонандагони синфи 11а, ки аз рўйи равияи љамъиятї-гуманитарї тањсил мекунанд, аз фанни забони хориљї (шифоњї) имтињонро дар соати 8 оѓоз намуданд. Маводи имтињонотї пурра таъмин буд. Дар синфњои 4 (а, б, в, г) имтињони гузараш аз фанни забони модарї (диктант) идома дошт. Тавре ки директори муассисаи таълимии №40-и Љамоати дењоти Кўлоб Г. Одинаева иброз дошт, имсол омодагии хонандагон ба аттестатсия дар сатњи зарурї ба роњ монда шуда буд. Аз 87 нафар хонандаи синфњои 9 (а, б, в) аз фанни адабиёт (эссе) (муаллимаш Ш. Хољаназарова) бањои «5» 13 нафар, 33 нафар бањои «4» ва 41 нафар бањои «3» гирифтанд. Дар синфи 11б аз фанни таърих (тест) (муаллимаш Г. Заробова) чунин аст: аз 22 нафар хатмкунандаи синфи 11а, 10 нафар бањои «5» 12 нафар бањои «4» ва 10 нафар бањои «3» гирифтанд, ки натиљаи ќаноатбахш мебошад. Дар муассисаи таълимии №52–и шањр (директораш Р. Абдуллозода) натиљаи имтињони хатм дар синфњои 11 (а, б, в,) аз фанни химия (тест) чунин аст: аз 94 нафар хонанда 17 нафар бањои «5», 30 нафар бањои «4» ва 47 нафар бањои «3» гирифтанд. Дар синфњои 9 (а, б, в, г) аз фанни адабиёт (эссе) раиси комиссияи аттестатсионї: Г. Ќурбонназарова, муаллими аттестатсиягиранда Њ. Бобоева ва ёвар К. Бобоева буданд. Натиљаи аттестатсия чунин аст: аз 116 нафар хонанда 20 нафар бањои «5», 31 нафар бањои «4» ва 65 нафар бањои «3» гирифтанд. Баъдан љараёни аттестатсияро дар муассисаи таълимии №51-и шањр, директораш (Н. Њаќназаров) ба мушоњида гирифтем.  Натиљаи аттестатсияи хатм аз рўи равияи љамъиятї-гуманитарї дар синфњои 11 (а, в) аз фанни таърихи халќи тољик (тест) чунин аст: аз 51 нафар хонанда 7 нафар бањои «5», 30 нафар бањои «4» ва 30 нафар бањои «3» гирифтанд. Дар синфњои 9 (а, б, в) аз фанни адабиёт (эссе) аз 82 нафар хонанда 13 нафар бањои «5», 33 нафар бањои «4» ва 36 нафар бањои «3» гирифтанд.

Шариф АБДУЛЊАМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш