Нашрияи Омӯзгор

ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ -СОҲИБИ ГРАНТИ ОМЎЗИШӢ

Сана: 2022-06-16        Дида шуд: 28        Шарҳ: 0

Хонандаи синфи 11-уми литсей барои хонандагони болаёќат дар шањри Хуљанд Мањлиёхон Авзалова дар озмунњои донишгоњњои Амрико ва Булѓористон дар соли 2022 иштирок намуда, соњиби гранти омўзишї ба маблаѓи беш аз 96 њазор доллари амрикої ва имтиёзи тањсили ройгон дар 3 Донишгоњи бонуфузи кишвари Амрико, Булѓористон ва Осиёии Марказиро ба даст овард.

Донишгоњњои бонуфузи Амрико, аз љумла, Донишгоњи Крейтен дар иёлати Небраска, Донишгоњи Амрикоии Булѓористон ва Донишгоњи Амрикоии Осиёи Маркази бо ирсоли мактуби расмї эълони омодагии ќабули хонандаи тољикро тариќи буљавї(ройгон) намуда, изњори умед намуданд, ки ў њангоми интихоб донишгоњњои онњоро ќабул мекунад.

Лозим ба таъкид аст, ки донишгоњњои мазкур ба гурўњи донишгоњњои бонуфузи олам шомил шуда, 4 соли омўзиш дар ин донишгоњњо наздик ба 100 њазор доллари амрикої мебошад.

Љоиз ба зикр аст, ки дар литсей барои хонандагони болаёќат дар шањри Хуљанд омўзиши фанњои даќиќ бо забони англисї ба роњ монда шуда, ин амр имкон медињад, хонандагон бо баробари аз худ намудани забонњои хориљї дар озмуну олимпиадањои сатњи љањонї иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи љањонї шоиста муаррифї намоянд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш