Нашрияи Омӯзгор

СИЁСАТРО БО ЭЪТИҚОДИ ДИНИӢ НАБОЯД ПАЙВАСТ

Сана: 2022-06-09        Дида шуд: 135        Шарҳ: 0

Љањони имрўза хеле пурњаводис буда, пешгўї кардани раванди ин ё он тамоюлоти сиёсиву иљтимої њатто барои мутахассисон хеле мушкил шудааст. Дар муносибати байни давлатњо љойи арзишњои умумибашариро манфиатњои кишварњои абарќудрат гирифтааст.  Мубориза барои ба даст овардани бозорњо, зўран бор кардани ин ё он идеология кайњост, ки дар арсаи байналхалќї набарди иттилоотиро ба миён овардааст.

Мутаассифона, дар ин кашмакашњо усули сиёсї сохтани дин, ё ба ќавле дигар, сўиистифода кардани мафкураи динї барои расидан ба манфиатњои сиёсї хеле зиёд роњандозї мешавад.

Таљрибаи кишварњое, ки дар онњо њизбњои динї бо номњои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки њељ пешравие дар он мамолик ба «шарофат»-и он љунбишњо ва њизбњои дорои идеологияи динї ба вуљуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттињодияњои сиёсї гоњо хушунату тазод барои ба даст овардани њокимияти сиёсї ба ављи аъло расида, дар маљмуъ, монеаи рушди бомароми он давлатњо мегардад.

Аз њама мисоли рўшан Афѓонистон аст, ки тўли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорњои сиёсатмадорони дорои платформањои мухталифи динї ранљи бенињоят мекашад. Лубнон, Судону Ироќ, Сурияву Либия, Тунис ва бисёре аз мамолики Африќои Шимолї тўли солњои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафти худро аз даст додаанд.

Омили асосии ин навъ носозгорї дар муборизаи њизбњои динист, ба ин маъно, ки аќаллияте бо идеологияи динї мехоњад мафкураи худро ба аксарият бор кунад. Азбаски дар муборизаи табиї тавассути интихобот дасти ќудрат намеёбанд, ночор роњи муборизаи ѓайриќонунї – бо ташкили табаддулоту шўришњо кўшиши сари њокимият омадан мекунанд.

Таљрибаи Тољикистон мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани њодисањост. ЊНИТ беш аз 40 сол дар сањнаи сиёсати Тољикистон амал кард.  Њанўз аз солњои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иќрори худи масъулини ин њизби манъшуда, онњо мавзуи сари њокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динї матрањ мекардаанд.

Баъди анљоми муноќишањои дохилї ин њизб парлумонї гардид, аммо набудани имконоти ќонунии сари ќудрат омадан тавассути интихобот оќибат ниќоб аз чењраи аслии онњоро кушод. Охирин шансашон табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хўрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварњои хориљї оид ба ташкили табаддулот тавассути неруњои харобкори ифротї дар Тољикистон дар амал татбиќ нагардид.

Мутаассифона, ин таљриба то кунун барои мафкурапардозон сабаќ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин њизби террористиву ифротї эъломшуда дар хориља аз «адолат»-у «наќзи њуќуќи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бў кардаву амалњои хешро дар тарозуи воќеият баркашида, ба хулоса оянд, ки чї кори баде барои љомеаи Тољикистон ва чї хиёнате барои миллат кардаанд…

Ба назар чунин мерасад, ки онњо дар муборизаи иттилоотї бо мардуми шарифи Тољикистон танњо нестанд, созмонњои тундгаро ва иѓвоангези «Гурўњи 24», «Њизб-ут-тањрир», «Вањњобия», «Салафия» ва амсоли инњо бо бадкорињо ба сари мардум борони туњмату буњтон мерезанд.

Афсўс, ки дар баъзе мамолики Ѓарб ба љонибдорони њизбу њаракатњои манъшуда гўш медињанд, онњоро дар баъзе мањфилњо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд.

Созмонњои дифои њуќуќи инсон бояд дар худи љумњурї вазъро ба мушоњида бигиранд, тањлили фарох дошта бошанд, аммо мутаассифона, ин тавр нест. Аз назари ифротиёни фирорї гўиё дар Тољикистон дин хор асту озодињои эътиќодї риоя намешаванд.

Аммо воќеият ин аст, ки дар Тољикистони муосир њар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазњабњои он мењисобад, комилан озод аст, то озодињои эътиќодиашро пурра татбиќ намояд.  Зиёда аз ин, тавассути таѓйиру иловањое, ки ба ќонуни танзим ворид шуд, мардум аз асли дин бењтару бештар огоњї ёфт. Акнун њама маросими сўгу сур, њама ойину анъанањо тибќи муќаррароти аслиашон баргузор мешаванд ва инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист.

Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси Њизби нањзати исломї мардуми Тољикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таљрибаи давлатњои хориљї, ки дар он кишварњо њизбњои исломї мавќеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсї сохтани дин њељ гоњ сулњу субот ва пешрафт намеорад.

Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурњои љонбахши он њамагон бояд истифода баранд ва дар нињоят, диндорї як кори мањрамонаи шахс бо Худои хештан аст.

Далелњои ќуръонї њама аз он гувоњї медињанд, ки дин сарљамъї ва иттињоди мардумро дар назар дорад: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо биравад».

Аслан, бо номи поки ислом њизб сохтан ва онро барои сиёсат сўиистифода кардан дар умќи худ ихтилофи љомеаро ба вуљуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо маќсади дарёфти обрўву манзалат аз бадтарин фитнањост, ки њадафи аслии он суст гардонидани тањкурсии баќои давлату миллат мебошад. Бењуда Сайидои Насафї нафармудааст:

Њар ки бар душмании халќ равон астчу бањр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад.

Таърихи  рушди  башарият  борњо  собит намудааст,  ки  танњо  дар  сурати  созгор  афтодани  манофеи  динї  ва  милливу  давлатї, њамоњангї  дар  амалкарди  давлат  љињати баровардани  ниёзњои  эътиќодии  мардум  ва аз  љониби  дигар,  фаъолияти  рўњониён  дар истифода  аз  арзишњои  динї  бањри  дифои идеалњои  иљтимоии  давлат,  агар  њадаф  бунёди  љомеаи  асили  шањрвандї  бошад,  њар кишвареро  ба  суботи  сиёсиву  иљтимої,  осудагиву оромии раъият ва дар нињояти кор, ба пешрафтњо дар њама соњањои зиндагї оварда мерасонад.

Њанўз соли 1992 Пешвои миллат, Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон дар изњороти хеш ба мардуми шарифи Тољикистон гуфта буданд: «Њукумат на танњо дини мубини исломро эњтиром мекунад, балки барои ба љо овардани эътиќоди динии халќњои дигар низ дахолат намекунад.

Эътиќод кори шахсии њар инсон аст ва мо тамоми рўњониёни љумњуриро даъват мекунем, ки умури диниро дар партави ќонун танзим, дар рушду такомули маънавии мардум ва ба ин васила ба оромии љомеа ва рушди он хидмат намоянд».

Албатта, наќши ин дар танзими иљтимоъ ва рўзгори мардум, хосатан, барои кишварњое, ки аксарияти ањолиашон ба ин ё он дин эътиќод доранд, хеле амиќу доманадор аст.

Аммо он дар сатњи муомилоти иљтимої њамон наќшеро дорад, ки ахлоќу маънавият, урфу одат ва расму анъана дорад. Њамин ки дин ба василаи сиёсат ё воситаи амалигардонии ањдофи сиёсї табдил ёфт, хавфи азиме барои рушди давлатдорї ба вуљуд меорад.

Боймурод ШАРИФЗОДА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш