Нашрияи Омӯзгор

ДАҲУМИН НАМОИШГОҲ-ЯРМАРКАИ «ТАҲСИЛОТИ РОССИЯ-ТОҶИКИСТОН-2022»

Сана: 2022-06-16        Дида шуд: 30        Шарҳ: 0

10-уми июни соли љорї дар Китобхонаи миллии Тољикистон дањумин намоишгоњ-ярмаркаи байналмилалии “Тањсилоти Россия-Тољикистон-2022” дари худро барои љавонони тољик-довталабони  муассисањои тањсилоти олии Федератсияи Россия боз намуд, ки дар он  намояндагии 34 муассисаи тањсилоти олии Федератсияи Россия - Донишгоњи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ба номи  Н.А.Добролюбов, Донишгоњи федералии Сибир, Донишгоњи давлатии  техникии Омск, Донишгоњи давлатии Вятка, Донишгоњи давлатии идоракунии системањои радио ва радиоэлектроника, Донишгоњи  давлатии иќтисодии Урал, Донишгоњи давлатии Комсомоли соњили Амур, Донишгоњи политехникии Москва, Донишгоњи  федералии  Ќазон,  Филиали Муассисаи давлатии тањсилоти олии федералии «МИРЭА -  Донишгоњи технологии  Россия» дар Ставропол, Донишгоњи давлатии технологияњо ва дизайни Санкт-Петербург ва дигар муассисањои тањсилоти  олии  Россия  ба  кори худ шуруъ кард.

Ќабл аз оѓози намоишгоњ-ярмарка дар толори ошёнаи сеюми  Китобхонаи миллии Тољикистон бо иштироки ректорон ва  намояндагони  муассисањои  тањсилоти олии  њарду  кишвар  мулоќот доир гардид, ки  дар он Л. Абдулхолиќзода – муовини вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Игор Лякин-Фролов - сафири  фавќулода  ва мухтори ФР  дар Тољикистон, П.А. Шведсов – муовини Маркази илм ва фарњанги Россия - “Россотрудничиества”-и Федератсияи Россия ва И.С. Иванов -  директори  намояндагии Маркази илм ва фарњанги Россия - “Россотрудничества”  дар Душанбе сухан гуфтанд.

Њамзамон, иттилоъ дода шуд, ки њамасола њадаф аз ташкили чунин намоишгоњ-ярмарка фароњам овардани имкон барои хатмкунандагони муассисањои тањсилоти умумї, донишљўён, довталабон ва хоњишмандоне мебошад, ки мехоњанд тањсилро дар донишгоњњои Федератсияи Россия идома дињанд.

Сипас, бо иштирокдорони намоишгоњ-хонандагони муассисањои тањсилоти умумї, довталабон ва волидайн мулоќоти намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Маркази илм ва фарњанги Россия - “Россотрудничество” баргузор гардида, бо буридани лентаи рамзї иштирокдорон аз намоишгоњ дидан карданд.

Дар рафти намоишгоњ намояндагони муассисањои тањсилоти олии Россия ба хоњишмандон дар бораи шароити ќабул, тањсил ва таљрибаомўзї, барномањои љалби донишљўёни хориљї, шароити зист дар давраи тањсил, истироњат ва стипендияњои муассисањо маълумот дода, ба суолњои довталабон посухњои мушаххас медоданд.

Ёдовар мешавем, ки дањумин намоишгоњ-ярмаркаи байналмилалии “Тањсилоти Россия-Тољикистон-2022” рўзњои 10-11-уми июн дар Китобхонаи миллии Тољикистон доир гардида, сипас, рўзи 13-уми июн дар Ќасри љавонон дар шањри Хуљанд кори худро идома бахшид, ки хонандагону донишљўён ва хоњишмандон дар он иштирок карданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш