Нашрияи Омӯзгор

ИФТИТОҲИ ДУ КЎДАКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ

Сана: 2022-06-16        Дида шуд: 28        Шарҳ: 0

08.06.2022 Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Раиси шањри Душанбе, муњтарам Рустами Эмомалї Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy»-ро, ки дар кўчаи Туниси пойтахт воќеъ аст, мавриди бањрабардорї ќарор доданд. Раиси шањри Душанбе нахуст бо бардоштани парда ба кори кўдакистон оѓоз бахшида, бо шароити фароњамовардаи таълиму тарбия дар кўдакистони мазкур шинос гардиданд.

Муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 150 нафар кўдак дар 9 гурўњи синну соли гуногун пешбинї шудааст. Кўдакистон дар масоњати 0,24 га бо тарњи замонавї сохта шудааст ва њар як гурўњи таълимї бо љойи хоб, се љойи дастурўйшўї муљањњаз мебошад. Њамчунин, утоќњои кории ёрирасон, аз ќабили логопед, методї, тиббї, муњосибот, њуљраи либосшўї, утоќи мудир, толори варзишї, толори мусиќї ва ошхона бо 150 љойи нишаст мављуд мебошанд. Дар сањни њавлї њавзи оббозї ва нуњ майдонча барои бозии кўдакон омода карда шудааст. Дар муассиса 35 нафар корманди таълимї ва техникї бо љойи кор таъмин мебошанд.

Таълиму тарбия дар кўдакистон пурра ба забони англисї аз руйи барномањои таълимии љањонї STEAM (Science, Technology, Engineering, Art and Math), IYCS (International yearly curriculum) ва CAMBRIDGE ба роњ монда шуда, мутахассисони он дорои маълумоти олии касбї ва сертификати байналмиллиалии «Cambridge» мебошанд.

Њамчунин, Раиси шањри Душанбе, муњтарам Рустами Эмомалї дар кўчаи Ломоносови ноњияи Сино Муассисаи томактабии хусусии «Душанбе Монтессори»-ро мавриди бањрабардорї ќарор доданд. Масоњати умумии иншоот 1632 метри мураббаъро ташкил дода, аз се ошёна иборат аст ва барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 150 нафар кўдак пешбинї шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи нав омўзиш бо забонњои русї, англисї ва њамчунин, тољикї ба роњ монда шуда, аз рўи барномаи Мария Монтессорї ба кўдакон таълим дода мешавад.

Иншоот дорои ошхона бо 120 љойи нишаст, анбор барои нигоњдории маводи хўрокворї, љомашўї, толори варзишї, толори фарњангї, синфхонањои таълимї, аз љумла, забони англисї, арифметикаи зењнї, толори мусиќї, толори машѓулият, љойњои хобу истироњат, њуљрањои корї, маркази хизматрасонии тиббї, 4 синфхонаи таълимии ёрирасон барои зергурўњњо — логопед, мусаввирї, мусиќї, равоншинос мебошад.

Раиси шањри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз њама, дар самти баланд бардоштани сатњу сифати таълим, тарбияи кўдакону наврасон дар рўњияи ватандўстї ва ифтихори миллї, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи ќоидањои бењдоштии кўдакон диќќати аввалиндараља зоњир намоянд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш