Нашрияи Омӯзгор

Ташаббускорӣ ба мақсад мерасонад

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

ё чаро аз навоварӣ кардан меҳаросем?

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони мамлакат яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон мебошад.Зиёд шудани шумораи ҳамасолаи  аҳолӣ ва афзоиши қувваи қобили меҳнатро ба инобат гирифта, ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Аз ин рӯ, маблағҳои дар ин самт ҷудошуда, ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар равона гардида, касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагӣ инкишоф дода мешаванд. Махсусан, ин раванд дар ҳоле рушд хоҳад кард, ки бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Давлат ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии калонсолону ҷавонон ва мутобиқ гардондани сатҳи касбияти онҳо ба талаботи бозори меҳнат чораҷӯйӣ мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон   ба Маҷлиси Олӣ  ҳамеша  таъкид менамоянд, ки ниҳодҳои дахлдор нисбат ба зиёд намудани курсҳои омӯзишӣ барои калонсолон, ҷалби бештари аҳолии бекасб, бахусус, бонувону ҷавонон бефарқ ва бетараф набошанд. Воқеан ҳам, бояд вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ доир ба рафъи камбудиву мушкилоти дар ин самтҳо ҷойдошта   чораҳои муассир андешанд. Дар баробари ин, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва фаъолияти марказҳои таълими калонсолон диққати бештар диҳанд.

- Мо дастуру супоришҳои Сарвари давлатро вобаста ба  соҳаи таҳсилоти касбӣ аз рӯзҳои аввали фаъолиятамон  мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор дода, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии қаннодиро дар доираи Созишномаи грантии байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ба роҳ мондем, - гуфт зимни суҳбат директори коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории шаҳри Душанбе, номзади  илми педагогӣ Алишер Алиев.

– Боиси хурсандии мост, ки аксари хатмкардагони ин курсҳои кӯтоҳмуддат бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Қисми зиёди онҳо бо сехи қаннодии «Ситора» - и шаҳри Душанбе қарордод имзо намудаанд.

- Ман бистуяксолаам, - мегӯяд хатмкардаи курси кӯтоҳмуддат Шаҳноза Сафарова, - росташро гӯям,  то ин дам аз уҳдаи пухтупаз намебаромадам. Тавассути воситаҳои ахбори омма аз ин ташаббус хабардор шудаму ба курси кӯтоҳмуддат худамро номнавис карда, ҳунар омӯхтам. Агар барои оро додани дастурхони идона панҷсад сомонӣ сарф карда бошам, акнун худам бевосита ба пухтупаз машғул гардида, дастурхонро бо сарфи ҳамагӣ сад сомонӣ оро додам. Бинед, ки дар оилаамон чӣ қадар маблағ сарфа гардид.

Ин фикрро дугонаи ҳамсинну солаш Шарофат Камолова  тасдиқ намуда мегӯяд, тайи ду моҳ бисёр чизҳоро омӯхтааст ва ҳамсояҳо барои пухтупаз ба ӯ фармоиш медиҳанд. Мақсуда Давлатова ҳам сокини пойтахт, соҳиби се фарзанд аст. Мақсуда гуфт, ҷойи кор намеёфт ва чун донист, ки чунин гурӯҳҳо ташкил шудаанд, ба роҳбарияти коллеҷ муроҷиат кард. Инак, буҷаи оиларо аз ҳисоби фурӯши кулчақанд ва дигар анвои хӯрданӣ таъмин менамояд.

Хосият Қамарова,  сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд:

- Ҳар гоҳ тавассути барномаҳои хориҷӣ ва ша-бакаҳои   телевизионҳои Россия медидам, ки барои пухтупаз, тарзи тайёр кардани ин ё он хӯриш барномаҳои алоҳидае намоиш медиҳанд. Ростӣ, дар ҳайрат мемондам, ки тайёр кардани ҳар гуна хӯрок ё кулчақанд хеле душвор аст. Вақте худам омада курсҳои кӯтоҳмуддатро хатм кардам, дидам, ки ин кор ҳеҷ душворие надоштааст. Фақат майлу хоҳиш ва чашму ҳуши гиро даркор аст, ки касбро азхуд кунӣ. Вай бо табассум изҳор дошт, «Акнун маро ҳам, ки дар ин гуна барномаҳо даъват кунанд, баҳузур метавонам,  пухтани ҳар гуна кулчақандро ба тамошобинон муаррифӣ намоям. Боз ҳам мегӯям, ки ҳунаромӯзӣ ба шавқу ҳаваси худи кас вобастагӣ дораду халос.   

- Ин гуна ташаббусро минбаъд низ идома доданием. Воқеан, дар замони муосир, дар алоҳидагӣ ташкил кардани чунин курсҳо кори осон нест. Бинобар ин, мо бо дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ – VOLIP» ва Бонки умумиҷаҳонии Рушд курсҳои навбатии кӯтоҳмуддати касб-омӯзиро ташкил намудем, - гуфт директори коллеҷ А. Алиев. Ба иттилои директор, ба курсҳо ҷавондухтарони бекасби навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва атрофи пойтахт ҷалб карда шуданд. Беш аз сад нафари дигар   тайи ду моҳ курси қаннодиро омӯхта, дар ҳузури намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони ташкилотҳои парастор доир ба касби омӯхтаашон ба се гурӯҳ ҷудо шуда, имтиҳон супориданд. Тӯли ин муддат омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии коллеҷ нозукиҳои касби қаннодиро омӯхтанд ва ҳайати комиссияи босалоҳият ба кори онҳо баҳои аъло дод.

Тавре ки муовини директори коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгорӣ Фазилат Эшонова ва мудири шуъбаи курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии коллеҷ Каримхон Қурбонов қайд намуданд, ҳоло боз бештар аз бист нафари дигар барои омӯхтани касби қаннодӣ аз ҳисоби ҷавондухтарони бешуғли атрофи пойтахт номнавис шудаанд.

Бояд гуфт, ки коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории шаҳри Душанбе дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳамчун таълимгоҳи ташаббус-кор шинохта шудааст. Дар ин ҷо ҳамчунин, дар давоми ду сол 140 нафар хоҳишманд курсҳои думоҳаву семоҳаро бо ихтисосҳои дӯзанда, дуредгар, харрот, барқчӣ, челонгар хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Дар назар аст, ки минбаъд боз вобаста  ба зарурати рӯзгори иҷтимоии мардум  ду ихтисоси дигар ҷорӣ карда мешавад.

- Ҳамааш ба худи роҳбар вобаста аст, - мегӯяд директори коллеҷ. – Агар кас хоҳад, ба ҳама кор қодир буда метавонад. Ташаббус, кордонӣ, масъулият ва хоҳиш касро ба мақсад мерасонад.

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш