Яке аз роҳҳои шавқмандкунии хонандагон ба омӯзиш ташкили дурусти чорабиниҳои беруназсинфӣ мебошад. Дарси кушод дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт»-ро омӯзгор метавонад бо истифода аз усули муносибати босалоҳият ба таълим гузаронад. Истифодаи техника ва технологияи муосир мазмуни дарсро боз ҳам рангоранг мегардонад.
Омӯзгор хонандагонро метавонад ба чор ё шаш гурӯҳ тақсим намуда, онҳоро номгузорӣ кунад. Пеш аз он ки омӯзгор мавзӯи дарсро эълон намояд, якчанд манзараи обро тавассути тахтаи электронӣ намоиш медиҳад ва аз хонандагон пурсон мешавад, ки дар ин расмҳо чиро мебинанд? Хонандагон бо навбат ҷавоб медиҳанд, баъди ин омӯзгор мавзӯи дарсро эълон мекунаду боз бо якчанд саволи дигар муроҷиат мекунад:
Об аз куҷо сарчашма мегирад?
Фарқи обанбору кӯлу дарё дар чист?
Шумо кадом усулҳои тоза кардани обро медонед?
Об барои чӣ лозим аст?
Ташаббус ё пешниҳодҳои Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди об ба ҷомеаи байналмилалӣ номбар кунед...
Омӯзгор посухи хонандагонро бо навбат мешунавад ва баъдан бо маълумоти дигар аҳамияти обро дар пойдории ҳаёти инсон шарҳу тавзеҳ медиҳад.
Дар идома омӯзгор боз метавонад маълумоти дигар, аз ҷумла, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масъалаҳои об, таъминот бо оби ошомиданӣ, захираҳои об ва махсусан, ташаббуси чорум дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ба кор оғоз кардани чархаи авали НБО-и Роғунро, ки воқеаҳои муҳими таърихӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбанд, таҳлилу баррасӣ намояд.
Омӯзгор баъди пешниҳоди маълумот ба гурӯҳҳо оид ба гуфтори бузургон ва қироати шеър дар васфи об, навиштани эссе ва кашидани расм дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт» супоришҳо медиҳад.
Заррина Мазарифова,
омӯзгори мактаби №6-и
шаҳри Кӯлоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр