Нашрияи Омӯзгор

Хонандагони мо фаъоланд

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Ҳар пагоҳирӯзӣ дар рӯзҳои муайян аз соати 07:30  то соати 18:00 дар таълимгоҳҳои мо – мактаби №70-и ноҳияи Рӯдакӣ мувофиқи мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим» хонандагони фаъол дар назди аҳли дабистон суханронӣ мекунанд. Ҳафтаи гузашта хонандаи синфи 8 Озода Восиева дар мавзӯи «Ҷавонон – ояндаи миллат», хонандаи синфи 9 Ҷамила Аҳмадова дар мавзӯи «Даст задани ҷавонон ба нашъамандӣ», хонандаи синфи 10 Шаҳбоз Азизов дар мавзӯи «Муносибати калонсолон нисбат ба ҷавонон» ва аз ҳамин синф Фирӯза Давлатова дар мавзӯи «Кӯдаки солими замони муосир» ва хонандаи синфи 11 Суман Қаюмова дар мавзӯи «Нашъамандӣ - вабои аср» маърӯза карданд.

Мо дар ин кор аз роҳбарию меҳрубонии сардори таълимгоҳамон Сарварой Хидирова ва аз дастгирии муаллимони забону адабиёти  тоҷик Нуралӣ Каримов ва Ҳалима Камолова сипосгузорем.

Ҷамила Аҳмадова (устодаш Н.Давлатов) аз фанни забони русӣ ҷойи дуюмро сазовор шуд.  Ӯ моҳи апрели соли 2018 дар озмуни номӣ аз фанни математика ҷойи якумро сазовор гашта, ба дарёфти ифтихорнома ва медал ноил гашт.

Хонандагони таълимгоҳи мо ният доранд, ки дар озмунҳои имсола низ тайёрии ҷиддӣ дида, ба натиҷаҳои бештар ноил гарданд. Хуб гуфтаанд, ки «Нияти нек ними давлат аст».

Сабрина Зикриёева,

хонандаи мактаби №70,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш