Нашрияи Омӯзгор

Ҳадаф пешгирии ҷинояткорист

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи ВКД ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни аҳолӣ, бахусус дар байни ноболиғону ҷавонон, пайваста бо аҳли ҷамоатчигӣ мулоқотҳо гузаронида мешавад. Аз ҷумла, чунин як вохӯрии судманд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар оғоз, муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Мирзошариф Абдусаломов доир ба баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва дӯст доштани ватан суханронӣ намуд.

Сардори шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино, полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода бошад, доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино ва минтақаи хизматӣ баромад намуда, иброз дошт, «нафаре, ки даст ба ҷиноят мезанад, бояд фаромӯш накунад, ки дар назди қонун барои амали содирнамудааш ҷавоб мегӯяд. Аз ин рӯ, хонандагонро зарур аст, ки ҳамеша пайи омӯзиш ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бошанд, чунки имрӯз агар мо забонҳои хориҷиро донем, арзишҳои миллиро дар ҷаҳон муаррифӣ карда метавонем».

Дар идома Валихон Ҳамдамзода доир ба уҳдадориҳои падару модар нисбат ба фарзандон, ки дар бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, андешаронӣ намуда, зикр кард, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин шомил шудани наврасону ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳу равияҳо, ки хислати тундгароӣ доранд, мебошад. Бояд насли ҷавон аз сомонаҳои иҷтимоие, ки дорои амалу кирдорҳои ифротӣ мебошанд, дурӣ ҷуста, ҳамеша пайи иҷрои вазифаҳои асосии худ, яъне бо баҳои хубу аъло хондану ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шудан гардад».

Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш