Хеле муҳим аст, ки шогирдони мо дар бораи таърихи диёр ва мавзеъҳои машҳури он маълумоти кофӣ дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, ба онҳо дар дарсҳои таърих, география, табиатшиносӣ ва дар маҳфилҳои фаннию дарсҳои тарбиявӣ ҳикоятҳои ҷолибу муассир нақл кардан манфиатовар аст.
Ин корро, махсусан, ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) мебояд бештар тавсеа бахшид. Ҳафтае дар бораи як мавзеи таърихии диёр ба шогирдон маълумот ироа кардан мувофиқи мақсад аст. Яке аз мавзеъҳои машҳуру зебои таърихии кишварамон Чилдухтарон ном дорад, ки дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод ҷойгир мебошад. Он диққати бисёр сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб бинмудааст. Табиати зебою дилрабо ва обу ҳавои рӯҳбахши ин мавзеи шуҳратёр, воқеан ҳам, камназир аст. Кӯҳи асроромези Чилдухтарон миёни ду рӯди хурд хеле ҷолиб ба назар мерасад. Сахраҳои азими одамшакли он, ки то 60 метр баландӣ доранд, касро ба ҳайрат меоранд. Онҳо аз резасангҳои сурху хокистарӣ таркиб ёфтаанд. Олимон муқаррар кардаанд, ки ин кӯҳҳо то ба 70 миллион сол умр доранд. Дар бораи Чилдухтарон ҳикоёту ривоёти зиёде мавҷуданд. Мувофиқи ривояти маъмуле дар мавзее наздикии кӯҳи Чилдухтарон замоне чиҳил духтари ҷасуру далеру шамшерзан барои ҳифзи диёр ва нангу номуси худ бар зидди душманони аҷнабӣ мубориза мебаранд. Муқовимат хеле тӯл мекашад. Духтарони шуҷоъ ба муқобили лашкари бузургу сершумори душман дурудароз истодагарӣ мекунанд, таслим намешаванд, вале оқибат ба ақибнишинӣ маҷбур мегарданд. Онҳо ба дасти душман зинда асир афтоданро нанг медонанд ва чун ба доманаи кӯҳ мерасанд, аз Худованд илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба санг табдил диҳаду аз дасти таҷовузгарон эмин нигоҳ дорад. Дуои духтарони пок мустаҷоб мегардаду кӯҳи сангини Чилдухтарон арзи ҳастӣ мекунад. Лашкари душман аз ин ҳол ба даҳшат афтода, зуд тарки ин мавзеъ мегӯяд. Ин ривоятро, ки ҳарчанд бофтаи мардумист, вале хеле ибратбахшу ҳикматбор аст, гоҳ ба замони истилои юнониҳою арабҳо ва гаҳ ба аҳди тохтутози муғулҳову туркони бодиянишин нисбат медиҳанд. Дар сурати имкон будан ташкил кардани саёҳат ба авзеи кӯҳи Чилдухтарон амали хеле таъсирбахшу ҷолиб хоҳад буд. Ҳамин гуна мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб дар дигар минтақаҳои кишварамон низ вуҷуд доранд.
Дар бораи ҳар яке аз ин мавзеъҳо ба шогирдон маълумот додан, ҳикоёти ҷолибу муассир кардан манфиатбору ибратбахш аст ва ҳамчунин, дар тарбияи ватандӯстиву табиатпарварии хонандагон нақши ҷиддӣ мегузарад.
Сайёра Алиева,
омӯзгори таърих
Иловакунӣ
Иловакунии фикр