Нашрияи Омӯзгор

36 медали  тиллои хонандагон

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон  нишасти матбуотӣ барпо гардид. Раиси вилоят, аз ҷумла, иброз намуд, ки  шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ дар вилоят 1342 ададро ташкил мекунад ва  теъдоди хонандагон ҳар сол 26 ҳазору 194 нафар   зиёд мегардад. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки барои таҳсили мунтазами хонандагон ҳар сол дар ҳудуди вилоят 53 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шавад. Қайд гардид, ки вазъи корҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба солҳои қаблӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар соли хониши 2017-2018  хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят  дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона намуда, соҳиби 183 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла,   36 медали тилло, 58  медали нуқра ва  89 медали биринҷӣ гардиданд. Соли гузашта 16 муассисаи таълимӣ бо 3304 ҷои нишаст мавриди истифода қарор дода шуд, ки нисбат ба соли 2017 шумораи муассисаҳои таълимӣ  ва томактабӣ 7 ададӣ зиёд гардиданд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш