Дар нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори он Сайидзода Иззатулло Ҳабиб дар бораи фаъолияти марказ дар соли 2018 муфассал маълумот дода, аз ҷумла, зикр намуд, ки соли гузашта марказ ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба 106 лоиҳаи қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қарорҳои Ҳукумати кишвар, созишномаҳо ва маводи байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ дод, ки дар маҷмӯъ, зиёда аз 805 пешниҳодро дар бар мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони марказ дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амаликунандаи ҷумҳурӣ мақолаҳо, китобҳо ва тафсири як қатор қонунҳои алоқамандро барои кормандони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва шаҳрвандон нашр намуданд. Чунончи: «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Тавсияҳои илмӣ – амалӣ оид ба ташкил намудани кор бо муроҷиатҳои шахсони инфиродӣ» ва ғайра аз ин қабил маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, 203 мақолаи илмӣ ва илмӣ – оммавии кормандони марказ дар нашрияҳои гуногун ба табъ расидааст. Дар идома қайд гардид, ки кормандони марказ дар давраи ҳисоботӣ дар 46 гурӯҳи кории вазорату идораҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 205 конфронси илмӣ – амалӣ, форумҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок ва маърӯзаҳо карданд. Аз ҷониби марказ 1 конфронси илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Коррупсия: табиат, зоҳиршавӣ ва муқовимат бо он» ва 5 мизи мудаввар гузаронида шуд. Яке аз самтҳои фаъолияти марказ ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимии кишвар мебошад. Айни ҳол марказ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дорад.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр