- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ягона донишгоҳ дар ҷумҳурист, ки мутахассисони рақобатпазирро дар риштаи технологияи саноати сабук ва хӯрокворӣ тайёр менамояд ва яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷараёни таҳсил низоми кредитиро ба роҳ мондааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур.
Чунонки ректор иброз дошт, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ донишгоҳ ба дастовардҳои муҳим мушарраф гардид. Аз ҷумла, ҷиҳати супориши протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани ошпазҳо ва пешхизматҳои касбӣ бо ҷалби мутахассис аз хориҷи кишвар донишгоҳ корро дар ду самт ба роҳ монд: азнавсозии озмоишгоҳҳои тайёр намудани хӯрокҳои гуногун ва ҷалби мутахассис аз хориҷи кишвар. Бо ин мақсад ду синфхона ҷудо ва муҷаҳҳаз карда шуд, ки дар натиҷа имконияти омӯзондани кормандон ва донишҷӯён ба тайёр намудани таомҳои халқҳои ҷаҳон пайдо гардид. Як озмоишгоҳи дигар оид ба хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо сохта ба истифода дода шуд, ки дар он кормандон ва донишҷӯён тамоми нозукиҳои хизматрасонӣ дар сатҳи баландро меомӯзанд.
Дар ДДТ Маркази ҳунарҳои мардумӣ расман кушода шуд, ки он аз ду озмоишгоҳ – нақшбандӣ дар чӯб ва табақчаҳо ва озмоишгоҳи дӯхтани либосҳо ва маҳсулоти армуғон аз атласу адрас, зардӯзӣ иборат мебошад.
Рӯзноманигорон оид ба масъалаи давомоти донишҷӯён, мушкилоти ҷойдошта, аз ҳамкориҳо бо корхонаҳо дар мавриди таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси шогирдону устодон донистан хостанд. Ректор иттилоъ дод, ки дар ин масъалаҳо, албатта, мушкилот вуҷуд доранд. Масалан, дар соли хониши 2017 – 2018 бо сабабҳои қарзҳои академӣ, ширкат наварзидан дар дарсҳо, интиқол ба дигар муассисаҳои олии касбӣ ва монанди инҳо 425 нафар хориҷ карда шуданд. Яъне, мо ба миқдор не, ба сифати таҳсилот аҳамият медиҳем. Аз ҳамкорӣ бо корхонаи шири шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии пойтахт, «Хима» - текстил», «Ҷол – Тай» - и шаҳри Ёвон қаноатмандем. Проблемаи асосӣ дар масъалаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён аст. Зеро аксари корхонаҳо хусусианд ва аксаран аз қабули таҷрибаомӯзони мо саркашӣ мекунанд. Мушкили дигар нарасидани таҷҳизоти техникист. Ба ҳар ҳол, имсол тасмим гирифтем, ки даҳ озмоишгоҳро барои истифодаи дарсҳо ва таҷрибаомӯзӣ бихарем.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр