Нашрияи Омӯзгор

Омили сифати баланди машғулиятҳо

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар кӯдакистонҳои деҳот таълим асосан ба таври  омехта сурат мегирад. Дар муассисаҳое, ки  гурӯҳҳои  омехта доранд, машғулиятҳо дар  гурӯҳҳои  хурд ва калон ба роҳ монда мешаванд. Омӯзгорон ва мураббияҳо дар ин гурӯҳҳо  диққати асосиро ба он бояд равон кунанд, ки маводи  таълимии ҳар машғулият навоварӣ дошта бошаду ба хусусиятҳои  равонии кӯдак  мувофиқат кунад. Ба ақидаи мактабшинос Т. Девоншоева, дар коркарди  нақшаи машғулиятҳо на танҳо азхудкунии мавзӯи нав, такрор ва мустаҳкамкунии  он барои  тарбиятгирандагон пешбинӣ карда мешавад, балки ба мунтазам ва мустақилона истифода бурдани  донишу маҳорати  кӯдакон тавассути  корҳои  амалӣ низ кумак расонда мешавад. Агар дар машғулиятҳои гурӯҳи синнусоли якхела як мақсади  дидактикӣ  пешбинӣ шуда бошад, пас дар гурӯҳи  омехта якбора чанд мақсад гузошта мешавад.

Масалан, ҳамаи кӯдакон расмро тамошо мекунанд. Агар барои кӯдакони синни калон расм шинос бошад, барои  кӯдакони  синни  миёнаю хурд он маводи нав аст.

Дар системаи умумии таълим бозиҳои дидактикӣ  мавқеи  калон доранд. Агар машғулиятҳо дар шакли  бозиҳои дидактикӣ ташкил ва гузаронида шаванд, ба инкишофи зеҳнии  кӯдакон мусоидат менамоянд.

Фирӯза  МУРТАЗОЕВА,

мураббии ширхоргоҳ-кӯдакистони №159-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш