Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ бо 50 мактаби олӣ

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотие, ки  дар Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид, ректори  он Шоҳён Нуралӣ  Набот қайд кард, ки дар соли хониши 2018-2019 шумораи донишҷӯёни донишгоҳ 5654 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 1840 (32,5%) нафар тибқи буҷаи давлатӣ ва 3814(67,5%) нафар тариқи шартномавӣ дар 7 факулта аз рӯи 64 ихтисос ба  таҳсил фаро гирифта шудаанд. Базаи илмии донишгоҳ сол то сол аз ҳисоби профессорону омӯзгорони соҳибкасб  афзоиш ёфта, дар соли 2018 ба 260 нафар расид, ки аз ин 14 нафар доктори илм, 1 нафар академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 42 нафар номзади илм мебошанд. Дар донишгоҳ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот тамоми омӯзгорон аз аттестатсияи навбатӣ гузаронида шуданд.

Дар  китобхонаи дониш-гоҳ 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд аст, ки барои 4 ҳазор донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст. Ректори донишгоҳ ба саволҳои рӯзноманигорон посух дода, афзуд, ки дар соли сипаригардида бори аввал донишгоҳ дар раванди расидан ба ҳадафҳои рақобатпазирӣ    бо зиёда аз  50 муассисаи олии касбии бонуфузи хориҷи кишвар робитаҳои судмандро ба роҳ монда,  шартномаҳои ҳамкориҳои байналмилалии дуҷониба ба имзо расонид, ки тибқи он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара метавонанд таҳсилро дар магистратураи донишгоҳ-ҳои зикршудаи Федератсияи Россия, Шведсия, Олмон, Чин, Тукманистон, Афғонистон ва Қазоқистон идома диҳанд. Дар соли нави хониш дар донишгоҳ  шумораи нави ихтисосҳо ба 64 адад мерасад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 10 адад зиёд мебошад. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавон роҳбарияти донишгоҳ ба 43 корхона ва ташкилоту муассисаҳои минтақаи Кӯлоб шарт-номаҳои ҳамкорӣ дорад. Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҷумҳурӣ ягона таълимгоҳест, ки дар он Маркази иттилоотӣ ва тарғиботии мавҷҳои радио ва телевизионии «Амри вақт» (Веление времени, Command of time) фаъолият мекунад. 

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш