Стив Ҷобс 24-уми феврали соли 1955 дар шаҳри Сан-Франсискои иёлоти Калифорнияи Амрико ба дунё омадааст. Ӯ дар 17-солагиаш ба коллеҷи бонуфузи замонаш - Reed дохил мешавад. Азбаски дар дилаш орзуи сохтани компютерро дошт, ҳамагӣ як нимсола хонда, тарки коллеҷ мекунад ва аз пайи корҳои эҷодӣ ва ихтирооти худ мешавад.
Стив Ҷобс ба дӯсти наздикаш Стив Возняк, ки дар ширкати НР кор мекард вохӯрда, ӯро ҳам ба андешаи сохтани компютер ҷалб мекунад. Стив Возняк аз кори худаш даст кашида, барои амалӣ намудани орзуи рафиқаш - Ҷобс ҳамроҳ мешавад. Заҳмати ин ду ҳамном бенатиҷа намемонад. 1-уми апрели соли 1976 компютери Apple I-ро дар саройи мошини хонаи падари Стив Ҷобс месозанд.
Сабаби чунин ном гирифтани компютер, ин меваи дӯстдоштаи Стив Ҷобс - себ мебошад.
Ихтирои компютер Ҷобсро ором намегузошт. Ӯ пайваста фикр мекард.
Дӯстон барои дарёфти пул ва пешрафти корашон ба мағозаҳои фурӯши компютерӣ муроҷиат мекунанд. Байни нуқтаи савдо ва Стив барои фурӯши компютери оянда шартнома баста мешавад. Онҳо аввалин фармоиш – 100 дона компютерро аз тарафи мағозаи Вуtе shор мегиранд. Азбаски барои сохтани 100 дона компютер як миқдор маблағ лозим буд, Ҷобс автомобили «Volkswagen» ва Возняк калкулятори НР-ашонро фурӯхтанд. Онҳо дар муддати 10 моҳ 200 адад компютери Apple I -ро истеҳсол карда, ба фурӯш бароварданд. Ин бурд барои ширкати хурдакакашон натиҷаи дилхоҳ дод. Нархи яклухти компютерашон 500 доллар меистод, ки назар ба компютерҳои Notebook –ҳои ҳозира қимматтар аст. Аммо камбудии асосии компютери Apple I ин буд, ки монитор надошт. Бинобар он, лозим меомад, ки компютерро ба телевизор насб кунанд ва баъд аз он истифода баранд.
Возняк лоиҳаи компютери Apple II-ро бо илова кардани монитор тарҳрезӣ намуда, ба Ҷобс пешниҳод кард. Ҷобс лоиҳаи ҳамшарики худро маъқул дониста, ба истеҳсоли он шурӯь намуданд. Маҳсулоти навбатии онҳо (Apple II) ба зудӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Компютери Apple II дорои монитор буд ва он дар ҷаҳон аввалин мошини ҳисоббароре буд, ки реҷаи намоиши ранга дошт.
Дар муддати 5 сол Apple II машҳуртарин компютери персоналӣ ба ҳисоб рафта, Стив Ҷобс аз ҳисоби Apple II соли 1980 дар ҷаҳон мултимиллиардер гардид.
Он замон ширкатҳои дигар низ фаъолият мекарданд ва мехостанд маҳсулоти худро ба монанди ширкати Apple ба савдо бароранд. Яке аз ширкатҳои номдори Амрико IВМ, ки ба сохтани компютерҳои калон машғул буд, моҳи августи соли 1981 компютери навро бо номи IВМ РС ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва он дар байни истифодабарандагон ба зудӣ маҳбуб гашт. Ҳамин тавр, байни ширкатҳо рақобат пайдо шуд.
24-уми январи соли 1984 ширкати Apple компютери навбатиашро бо номи Масintosh ба намоиш гузошт. Масintosh дар ҷаҳон аввалин мошинест, ки дорои мушаки идоракунӣ буда, навиштаҷотро бо аниматсия нишон медод. Масintosh - як навъи себ аст, он дар бозорҳои Амрико фурӯхта мешавад. Ин навъи себро ҷефа Раскин дӯст медошт. ҷефа Раскин роҳбари лоиҳа ва яке аз истеҳсолгарони Масintosh буд.
Истифодабарандагони компютерҳои дигар ширкатҳо барномаҳои Масintosh -ро дар ибтидо нусхабардорӣ мекарданд. Соли 1987 дар бозорҳо ба ҷойи Масintosh I Масintosh II бо блоки системавӣ ва монитори алоҳида пайдо мешавад ва дар байни ду сол фурӯши компютерҳои ширкати Apple назар ба ширкати IВМ пеш мегузарад.
Дар он замон Мicrosoft як ширкати хурдакак ба истеҳсоли барномаҳои компютерӣ фаъолият мекард ва яке аз коргарони ин ширкат бо номи Билл Гейтс буд. Билл Гейтс муддати чанде дар ширкати Apple ҳамчун коргари одӣ кор мекард. Ӯ ба таври пинҳонӣ маводи заруриашро ҷамъоварӣ намуда, барои тартиб додани барномааш шурӯъ мекунад. Баъди якчанд моҳ Билл Гейтс системаи оператсионии Windows-ро барои компютерҳои IВМ тартиб медиҳад ва аз тарафи ширкати Мicrosoft ба фурӯш мебарорад. Системаи оператсионии Windows дар байни истифодабарандагон ба зудӣ маъқул дониста мешавад ва қариб 97% -и компютерҳои ҷаҳон бо ин система кор мекардагӣ мешаванд.
Ин ҳодиса ба ширкати Apple таъсири манфӣ мерасонад ва соли 1985 Стив Ҷобс бо сабаби буҳрони корхона аз кор меравад. Ӯ ҳамроҳи 5 нафар ҳамкораш ширкати NЕХТ-ро созмон медиҳанд ва соли 1988 компютери бо ном iМас аз тарафи ширкати NЕХТ ба фурӯш бароварда мешавад.
Бозгашти Ҷобс ба Apple
Соли 1996 Шӯрои директорони ширкати Apple ба хулосае омада, ширкати NЕХТ-ро ба маблағи 400 миллион доллар мехаранд ва Ҷобсро ҳам даъват мекунанд. Стив Ҷобс аввал ба вазифаи менеҷери одӣ ва баъди якчанд вақт, соли 1997, сардори ширкати Apple таъйин мешавад. Дар ин солҳо ширкати Apple ба якчанд ихтирооти нав ноил мегардад.
Ғалабаи навбатии Apple
Соли 2001 Стив Ҷобс аввалин плеери рақамиро бо номи iPod ба ҷаҳониён пешниҳод мекунад ва даромади аcосии ширкат аз ҳисоби ҳамин маҳсулоташ iPod зиёд мегардад. Дар 6 соли аввал 110 миллион iPod фурӯхта мешавад, ки ин монанди Масintosh ба ширкат даромади зиёд медиҳад. Стив Ҷобс солҳои 2002 - 2004 идеяи сохтани таҷҳизоти навро дошт ва мехост якчанд таҷҳизот: телефон, плеер ва компютерро бо худ гирад.
Ӯ ба қароре омад, ки бояд якчанд таҷҳизотро дар дохили як таҷҳизот якҷо кунад. Аз соли 2005 ба коркарди лоиҳааш сар карда, 9-уми январи соли 2007 телефони мобилии IPhone-и ширкати Apple-ро ба ҷаҳониён пешкаш менамояд. IPhone дорои экрани сенсорӣ буда, ба воситаи панҷаи даст идора карда мешуд. Баъд аз ин, истеҳсоли намудҳои дигари IPhone ба роҳ монда шуд, ки онҳо аз ҳамдигар бо суръати корӣ, сифати баланди расмҳо ва наворҳо фарқ мекарданд. 27 -уми январи соли 2010 Стив Ҷобс боз таҷҳизоти дигареро бо номи iPаd ба намоиш гузошт, ки он аз IPhone калонтар ва аз Notebоок хурдтар буд. Стив Ҷобс 2-юми марти соли 2011 аз директории ширкати Apple даст мекашад ва 5-уми октябри ҳамон сол бо бемории саратон аз дунё мегузарад. Стив Ҷобс муаллифи беш аз 230 ихтироот мебошад. Аз давраи аввали фаъолияташ дар ин соҳа сари ақидае буд, ки бояд ҷаҳони электронӣ ва технологиро тағйир диҳад. Ӯ ин корро кард.
Таҳияи
Раҳмоналӣ ШАРИПОВ,
мудири шуъбаи идоракунии
сифати таҳсилоти коллеҷи омӯзгории
ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр