Мо, омӯзгорон, бояд кӯшиш намоем, ки шахсиятҳои барои ояндаи миллат даркориро ба воя расонем. Албатта, инсони комил ҳеҷ гоҳ пайи хислатҳои номатлуб равона нест. Инсони такомулёфтаву соҳибхирад аз бадон худро канор мегирад.Дар ҷамъомаду нишастҳои бадгавҳарон иштирок намекунад. Ва агар кас дидаву дониста ҳар гуна хислатҳои зиёноварро ихтиёр кунаду шахсияти худро поймол гардонад, дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад. Аз Луқмони Ҳаким пурсидаанд, ки бо кадом кас унс гирифтан лоиқтар аст? Гуфтааст, ки бо одами оқил, дурандеш ва некгуфтору некрафтор.
Тавре ки Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ташаккулдиҳандаи шахсияти кӯдакону наврасон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумианд. Пас, мо, - омӯзгоронро масъулият мебояд, ки ҳар нуктаи Паёми Сарвари давлатро ба хонандагон равшан созем ва пайи таълиму тарбияи онҳо бошем. Шогирдони мо бояд бадро аз нек, дӯстро аз душман фарқ кунанд ва гармию сардии ҳаётро ҳамаҷониба дар тарозуи ақл баркашанду борҳо бисанҷанд. Онҳо ба қадри илму дониш, меҳнати падару модарон ва Роҳбари давлати худ расанд, касби хешро пос доранд ва бо ору номус ба воя расанд. Бидонанд, ки обрӯро бо заҳмату кору ранҷ ба даст меоранд.
Насиба ҲАЙДАРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр