Нашрияи Омӯзгор

“Тоҷикистон ва ҷаҳон”–тарбиятгари насли ҷавон

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 765        Шарҳ: 0

Барномаи таҳлилӣ-сиёсӣ ва иттилоотии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” тӯли 7 сол аст, ки фаъолияти пурбор дошта, мардумро аз ҳаводиси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷаҳон огоҳ менамояд.

Аз ҷониби гурӯҳи эҷодии он то имрӯз дар мавзӯъҳои гуногуни доғи рӯз қариб 400 барнома омода ва пахш гардидааст. Ҳаводорони барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ ва берун аз он хеле зиёд мебошанд. Муаллиф ва ровии он, журналисти ҷавону пурталош Фатҳиддини Замон вобаста ба ҳадафи таҳияи барномаи мазкур чунин ибрози назар менамояд:

- Барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” вазъи феълии сайёраи Заминро дар қиёс ба сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешкаш мекунад. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон ҳамчун як узви ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳаллу баррасии мушкилоти олам дар баробари дигар давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ҷойгоҳу мавқеи худро дорад. Бинобар ин, мақсади асосии аҳли эҷоди барнома ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибистиқлол дар ақсои ҷаҳон мебошад.

Саҳми барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ҷиҳати шинохти вазъи воқеии ҷаҳон байни наврасону ҷавонон чашмрас мебошад. Танҳо дар давоми соли 2018 зиёда аз 300 фитаи ин барнома нусхабардорӣ шуда, бо дархости омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ба муас-сисаҳои таълимӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ирсол гардидааст. Инчунин, аз рӯйи барномаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар муассисаҳои таълимии пойтахт дарсҳои таълимӣ-тарбиявӣ ба роҳ монда шудааст. Бо иштироки муаллифи барнома Фатҳиддини Замон дар давоми соли 2018 бо даъвати масъулини муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и шаҳри Душанбе, гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе, гимназияи хусусии «Ҳиммат»... даҳҳо дарси кушод оид ба пешгирии ифротгароиву хурофотпарастӣ, ҷинояткорӣ ва тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии насли ҷавони кишвар гузаронида шуданд. Маҳаки асосии барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар баробари таблиғи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, инчунин, нишон додани мавқеи инсон дар ҷаҳони муосир мебошад. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, ки телевизиону радио ва расонаҳои гуногуни иттилоотӣ дар огоҳонидани аҳли башар нақши ниҳоят муҳим мебозад, мавҷуд будани барномаҳои иттилоотие чун барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” айни муддаост. Ҳар рӯз мо тавасути расонаҳои хабарӣ огоҳ мегардем, ки бо дахолати инсон бадбахтиҳои зиёде дар олам рух медиҳад. Ин ҳодисаҳо ва дигар рӯйдодҳои муҳим аз ҷониби ровии барнома ба забони содаю равон таҳлил гардида, ба тамошобинон пешниҳод мешавад.

Аҳмадшоҳи МАСЪУД,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш