Омӯзгорӣ пешаи воқеан ҳам ифтихорист, вале мушкилоти зиёд ҳам дорад. Омӯзгор маҳбубтарин шахси ҷомеа аст, соҳибэҳтирому воломақом аст ва ҳамагонро роҳнамову ҳидоятгарӣ мекунад.
На танҳо шогирдон, балки ҳамаи атрофиён, аз ҷумла, волидон сари гиреҳкушоии ҳар мушкилие рӯи ниёз ба омӯзгор меоваранд, аз ӯ маслиҳат мепурсанд, ба дастуру ҳидоятҳояш эътимод мебанданд. Дар шарҳи ҳодисаву рухдодҳои сиёсиву фарҳангии рӯз низ омӯзгорон ба аҳли ҷомеа мададгоранд.
Ин ҳама мавқеу эътибори омӯзгор тақозо дорад, ки ӯ мунтазам огоҳу ҳушёру бедор бошад, дар ҳар қадам русуми хушрафториву хушгуфториро риоя намояд ва албатта, пайваста биомӯзаду сатҳу сифати донишу маҳорату малакаашро такмил бубахшад. Ба ҳукми анъана омӯзгорон дар ҳар панҷ сол (акнун дар ҳар се сол) дар курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он таҳсил менамоянд. Ин тадбири муҳим ва мақбул аст, вале аслан омӯзиши омӯзгор бояд ҳар рӯзу ҳар соат ҷараён ёбад. Мегӯянд, ки «омӯзиш ба муқобили ҷараёни дарё шино карданро мемонад: агар як лаҳза аз шино кардан бозмонӣ, дарё туро фарсахҳо дур мебарад». Ин аст тафсири барҷастаи моҳияту зарурати омӯзиш. Доираи худомӯзии омӯзгор бояд хеле васеъ бошад, ҳам маводи вобаста ба фанну пешаашро дар бар гираду ҳам маводи марбут ба ҳодисаву воқеаҳои гуногуни рӯзро. Илова ба мутолиаи батакрори китобу дастурҳои дарсиву таълимию методӣ омӯзгор бояд ҳар рӯз матбуоти давриро варақ занад, барномаҳои дахлдори телевизиону радиоро тамошо кунаду шунавад.
Китобҳои тозанашри марбут ба илмҳои педагогикаю психологияро бо диққати том хондану омӯхтани омӯзгор аҳамияти махсус дорад.
Дигар аз воситаҳои худомӯзии омӯзгор мутолиаи асарҳои бадеист. Асари бадеӣ афкорро таҳрик мебахшад, кӯлбори маънавии касро ғанитар месозад, суҳбатҳои омӯзгорро бо шогирдону атрофиён рангинтару пурҷозиба мекунад, ба ҳамаи омӯзгорон (новобаста аз фанни таълимиашон) барои ҷолибтар баргузор намудани дарсҳояшон мададгор мешавад. Худомӯзӣ муҳимтарин воситаи омодагии омӯзгор ба машғулиятҳояш бо шогирдон мебошад. Дар ин замина омӯзгор маводи иловаю мададрасон ба даст меорад, варақаю саволномаҳои ҷолиб таҳия месозад, дарсашро пурмуҳтавою шавқовар менамояд. Омодагӣ ба дарс танҳо навиштани нақша (конспект)-и дарс нест, балки ҳар рафтору гуфтори худро пешакӣ санҷидану андешидани омӯзгор аст. Зумрае аз омӯзгорон барои худомӯзӣ нақшаи махсус таҳия месозанд, ки низ аз аҳамият орӣ нест.
Гулнигор Шокирова,
омӯзгори математика,
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр