Нашрияи Омӯзгор

Ҷашни Сада дар ДДФСТ

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 766        Шарҳ: 0

30 январи соли 2019  дар толори Театри таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба муносибати ҷашни Сада барномаи ҷолиби ҳунарӣ доир карда шуд. Барнома бо сухани ифтитоҳии ректори донишкада, профессор Х. Идиев оғоз ёфт. Ректор дар хусуси таърихи ҷашни Сада, мушаххасоти он, маросимоти ҷашнӣ, пайвандии он бо замин ва тамаддуни кишоварзӣ суҳбати ҷолиби ихтисосӣ карда, бар мабнои далоили илмӣ ва фаннӣ собит сохт, ки ин ҷашни аҷдодӣ реша дар умқи таърихи миллӣ дорад ва эҳёи суннатҳои ҷашнӣ вазифаи аввалиндараҷаи фарҳангиён ва ҳунармандон аст. Намоиши театронида ва ҳунарнамоии ҳунармандони варзидаи донишкада, минҷумла, сурудаҳои ҳунармандони машҳури ватанӣ Лола Азизова, Қобилҷон Зариф, Раҳматуллоҳи Ҳошим ва дигарон ҷашнро хотирмон сохт.

Баъдан аҳли толор ва тамошобинон муташаккилона дар расми «Оташафрӯзии Сада», ки дар саҳни муассиса баргузор гардид, ширкат варзиданд. Расми «Оташафрӯзӣ» бо ҳузури васеи иштирокчиёну меҳмонон ҷашнро хотирмон сохт. Хушнудӣ ва хушҳолии ширкаткунандагони маросими Сада дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода маъракаро ба як ҷашни воқеан миллӣ ва мардумӣ табдил дод. Ин қисмати амалӣ ҷашнро ҷолибтару хотирмонтар намуд.  Ҳадаф аз баргузории ҷашнҳои миллию мардумӣ, қабл аз ҳама, эҳёи суннату арзишҳои бостонии ниёкон аст ва ба василаи эҳё, ривоҷ ва дар айни замон, ба сатҳи иҷтимоӣ расонидани ҷашну идҳои аҷдодӣ тақозои замон мебошад. Маросими куҳани аҷдодӣ ва суннатҳои бостонии миллӣ, ки таъйинкунандаи неруи фарҳангӣ ва тамаддунии қавмию миллӣ дар марҳилаҳои таърихӣ маҳсуб меёбанд, танҳо аз тариқи таблиғу ташвиқи воқеию табиӣ (на сохтаю сунъӣ) дар ҷомеа тадриҷан афзалият пайдо мекунанд ва дар шакли намоишӣ-демонстративӣ (таҳияи намоишҳои идона, ташкили тантанаю сайругашти ҷашнӣ, иҷрои маросимоти ҷашнӣ, ҷалби насли наврасу ҷавони ҷомеа ба иҷрои русуми миллӣ) рӯҳияи муқаввои миллиро созмон медиҳанд. Аз ин хотир, эҳё, таблиғу ташвиқ ва густариши ҷашну оинҳои миллию мардумӣ, аз ҷумла, Сада рисолати таърихӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, ихтисосӣ ва билохира, инсонии мост ва дар ин масири миллию давлатӣ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода гомҳои устувор мегузорад.

Н. НУРОВ,

устоди ДДФСТ ба номи

М. Турсунзода

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш