Нашрияи Омӯзгор

Раҳнамои касбӣ ва тарғиби ҳунар

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Мо бояд таҳсилоти касбиро чунон ба роҳ монем, ки пеш аз ҳама, истеҳсолоти худро бо коргарони баландихтисос таъмин карда тавонем!

Эмомалӣ Раҳмон

Консепсияи раҳнамои касбии хонандагон дар шароити соҳибистиқлолӣ, рушди техникаю технологияи муосир ва талаботи бозори меҳнат ба кадрҳои итисосманд, сиёсати дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи меҳнатӣ ва касбии хонандагон ба танзим дароварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсият мукаммал месозад.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори мамлакат сухан аз шукргузории Истиқлол, Сулҳ, Ваҳдат рафта, ҳар як фарди бо нангу номуси тоҷик, хоса омӯзгорон, аз рӯи дастуру нишондодҳо ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри тарбия ва ба воя расонидани насли нави ояндасозу соҳибкасб ҳиссагузор буда, ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони биҳиштосо ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Дар Паёми навбатиашон (26.12.2018) Пешвои миллат зикр намуданд, ки ба иқтидори илмии кишвар таҳким бахшида, ҷорӣ намудани ихтироот дар истеҳсолот, устувор намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияи муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи маориф мебошад.

Соли сипаришуда, ки «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» буд, дар мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд, ки хонандагони имконияташон маҳдуд бо равияи меҳнатӣ таълиму тарбия мегиранд, корҳои фаҳмондадиҳию касбинтихобкунӣ мувофиқи Консепсия хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар дарсҳои технологияи дӯзандагӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ, гаҷкорӣ, гулдӯзӣ, рӯзгордорӣ бо асосҳои ин касбҳои миллӣ шинос шуда, онро амалан меомӯзанд, баъди дарс дар маҳфилҳои гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гаҷкорӣ, дуредгарию челонгарӣ касб меомӯзанд.

Барои тарғиби ҳунарҳои миллӣ силсилаҳои дарсҳои тарбиявии намунавӣ ва чорабиниҳои умумимактабӣ - «Ҳунар аз мероси падар беҳ», «Касби ман – ифтихори ман», «Роғун – иншооти бузург» бо иштироки волидон ташкил карда шуд.

Хонандагон мувофиқи нақшаи таълимӣ бо роҳбарии омӯзгорон ба сехҳои мебелсозӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, пойафзолдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзию қолинбофӣ ба экскурсия рафта, дар амал бо ин касбҳо аз наздик шинос шуда, касби ояндаи худро интихоб мекунанд, ки минбаъд соҳибкасб шуда, дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Дар мактаб-интернат толори намоишгоҳи доимоамалкунандаи ҳунарҳои миллӣ бо намунаи корҳои дастии хонандагон бо роҳбарии омӯзгоронашон ташкил карда шуда, омӯзгорон доимо кӯшиш менамоянд, ки бо намунаи корҳои шогирдон онро ғанитар гардонанд.

Солҳои 2019-2021 бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд. Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки омӯзгор худ соҳибмаърифату соҳибилму соҳибкасб набошад, чӣ гуна хонандагони соҳибмаърифату соҳибкасбро тарбия менамояд?!

29 октябри соли 2016 сол дар паси чамбараки булдозер нишаста, расо 1,5 соат маҷрои дарёи Вахшро бастани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  худ намунаи олии ватандорию ватандӯстӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ дар тарбияи насли нави ояндасози бунёдкор, тарғиби касбу кор ва раҳнамоии онҳо ба сӯи гул-гулшукуфоии Тоҷикистони маҳбуби мосту ба кор даромадани агрегати якуми НБО-и «Роғун» ояндаи дурахшон ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аст.

Мо - омӯзгоронро зарур аст, ки аз рӯи ҳидоятҳои Сарвари давлат амал карда, ба донишу маҳорат, малака, тахассусу касбияти худ мувофиқи талаботи ҷаҳони муосир тақвият бахшида, ба соҳибилму соҳибкасб гаштани шогирдон кӯшем, насли нави ояндасоз, ватандӯсту ватансоз, дӯстдорандаи анъанаҳои миллии ниёгонро ба воя расонем, зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост.

Манзура ИСЛОМОВА,

Аълочии маориф ва илми

Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш