Об сарчашмаи ҳаёт, ободиву сарсабзии кишвар, наҷотбахши умри инсон ва сарвати бебаҳост, ки инсоният онро ҳамчун падидаи муқаддас мадҳу ситоиш кардааст. Обро ҳанӯз дар асри IV пеш аз мелод Арасту «муъҷизаи бебаҳои табиат ва асоси пайдоишу пойдории олами зинда» номидааст.
Воқеан, об ҳаёт аст, ки нақши он дар пайдоиш ва рушди олами зинда басе муассир мебошад. Мувофиқи нишондоди олимон аввалин мавҷудоти зинда дар муҳити об пайдо шуда, таҳаввул ёфтаанд ва пас аз гузаштани миллионҳо сол наботот ва ҳайвонот ба хушкӣ баромаданд ва инсоният пой ба арсаи вуҷуд ниҳодааст.
Қобили қайд аст, ки дар шароити муосир бошиддат зиёд шудани шумораи аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва таъсири дигар хатарҳо, ки боиси сарбориҳои иловагӣ болои захираҳои табиӣ шудаанд, арзиш ва қимати об чандин маротиба боло меравад. Об ҳамчун омили муҳими рушди устувор, дар бештари санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, ҳамчунин стратегияҳои рушд нишон дода шудааст. Ҳамчун вазифаи муҳим ворид кардани ҳалли паҳлуҳои гуногуни мушкилоти об дар барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор шаҳодати бештар шудани таваҷҷуҳ ба мушкилоти об мебошад. Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об миёни дигар давлатҳо саҳмгузор мебошад, зеро мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо дар мамлакати мо 60 фоизи захираҳои оби дарёҳои Осиёи Марказӣ (ҳавзаи баҳри Арал) тавлид мешаванд, ки диёри бостониву саховатманди мо ин захираи муқаддаси худро миёни дигар кишварҳо тақсим менамояд.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муб-рамияти ин масъаларо сари вақт дарк карда, аз ибтидои асри 21 баҳри истофодаи оқилона, тоза нигоҳ доштани об чун воситаи рушди устувор аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ суханронӣ намуда, роҳҳои ҳалли онро нишон додааст. Арзиши обро Пешвои миллат борҳо дар суханронии худ таъкид намудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар нигоҳдории сарватҳои табиӣ, бахусус тозагии об саҳми ҷавонон, хусусан, омӯзгорони ҷавон басо назаррас аст. Омӯзгори ҷавон бояд дар покиза нигоҳ доштан ва сарфакорона истифода намудани об саҳмгузор бошад ва ба, яъне ба насли наврас арзиши об ва самаранок истифода намудани онро хубу равшан фаҳмонад. Таблиғу ташвики мардум, бахусус донишҷӯён, дар мавриди аҳамияти об дар рӯзгор, сарфаву нигаҳдории он низ яке аз вазифаҳои мо, омӯзгорон, мебошад.
Мавзуна КАЛОНОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №1-и
ноҳияи Мастчоҳ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр