Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кору пайкори нав ҳидоят менамояд.
Дар ин замина, омӯзгор метавонад аввалтар аз ҳама, ба самъи хонанда расонад, ки чӣ зарурате ба вуҷуд омада, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ перомуни об сухан намуданд ва чаро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид матраҳ гардид ва он ба кишвар чӣ медиҳад ва миллатро ба куҷо роҳнамоӣ мекунад.
Омӯзгор метавонад дар дарс суханҳои Президенти кишварро доир ба тағйирёбии иқлим оварад ва бевосита дар бораи он сухан намуда, дар ин раванд бо истифода аз сайтҳои интернетӣ ва гуфтаи олимони табиатшинос, экологҳо ва ҷомеашинос порчаҳоеро ба хонандагон пешниҳод намояд, ки онҳо бо ин роҳ метавонанд, гуфтаҳои Сарвари давлатро хубтару беҳтар дарк намоянд.
Дар ин раванд хонанда ба ғайр аз суханҳои Президенти кишвар метавонад тавассути омӯзгор аз кишварҳое, ки як замон шодоб буданду дар натиҷаи тағйири иқлим имрӯз ба биёбон табдил ёфтаанд, мисли Саҳрои Кабир, як қисмати Австралия, Миср, Африқо ва Амрико, қисматҳо ва мавзеъҳои биёбонии қитъаи Осиё маълумот бигирад. Албатта, дар ин раванд, дониши фарохи устод зарур аст ва ӯ тағйирёбии иқлимро бояд бо сабабу мадрак ба талаба пешниҳод намуда тавонад. Омӯзгор дар бораи пешравии илму техника ва таъсири он ба табиат метавонад, суханҳои пурмуҳтавои Сарвари кишварро ба самъи талабагон расонида, дар ин баробар, неъмати ноёб будани обро, ки алҳол дар кишвари мо арзонист, бо истифода аз сурат, аксҳои рӯдхонаҳои бузургу хурд, ки дорои оби ширини нӯшиданианд, тавзеҳ бахшад. Ва ба талаба ҳушдор бидиҳад, ки ин неъмати табиат дар ҳама ҷо фаровону арзон нест ва дар ин ҳолат ҳам аз аксҳои дар ҷустуҷӯи оби ошомиданӣ будани як қатор кишварҳоро бозгӯ намуда, онҳоро аз харита ва аксҳо нишон бидиҳад ва бо ин роҳ, мушкилоти асосии оби ошомиданиро дар замина баён намуда, тозаву озода, боэҳтиёт истифода бурдани онро ҳам бо сухан ва ҳам аксҳо ва намоҳои интернетӣ, ки устод пеш аз дарс гузаштан аз интернет дастрас намудааст, тавассути кампютерҳо ва ё тахтаҳои электронӣ нишон дода, суханони Президенти кишварро тақвият бахшад.
Рухшона ГУЛБОЕВА,
омӯзгори таърихи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-и шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр