Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти соҳаи маориф бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун вусъати тоза пайдо намуд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд.
Дарвоқеъ, чунонки муо-вини сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Дилшод Сафарзода дар суҳбат иброз дошт, соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 151 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ барои 36600 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба соли 2017 21 бинои муассисаи таълимӣ бо фарогирии 5921 ҷойи нишаст зиёд мебошад. Хотирнишон бояд кард, ки аз ин шумора, бунёди 82 бинои муассисаи таълимӣ барои 16363 ҷойи нишаст бо маблағи 182 млн. 406 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар 15 бинои иловагӣ дар назди таълимгоҳҳо барои 1646 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 7 млн. 490 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонда шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ дар вилояти Хатлон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №504 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 - 2021» қабул гардид. Дар барномаи зикршуда сохтмони бинои 21 муассисаи таълимӣ, ҳар яке барои 320 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст. Инчунин, бар ивази муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ё дар онҳо ҷойи нишаст намерасад, сохтмон ва азнавсозии 314 муассисаи таълимӣ барои 71588 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Дар иртибот ба деҳаҳои навбунёд сохтмон ва таҷдиди 231 муассисаи таълимӣ барои 35538 ҷойи нишаст дар назар аст. Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаи фавқ дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 566 бинои муассисаи таълимӣ барои 110150 ҷойи нишаст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳолати садамавӣ қарор доранд, азнавсозӣ карда шуда, дар деҳаҳое, ки навбунёданд, муассисаҳои нави таълимӣ сохта мешаванд. Дар заминаи иҷрои барномаи мавриди назар, дар ин давра аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бинои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №15 барои 144 ҷойи нишаст дар деҳаи Навбаҳори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохта ба истифода дода шуда, бунёди бинои ҷадиди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №38 барои 144 ҷойи нишаст дар деҳаи Эргаши ноҳияи Бохтар идома дорад. Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бинои нави филиали муассисаи таълимии №17 дар деҳаи Панёли шаҳри Кӯлоб бунёд карда шуд. Соли гузашта аз шумули маблағҳои мутамаркази асосӣ сохтмони 2 муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Балҷувон ва 1 бинои нави таълимгоҳ дар ноҳияи Бохтар шурӯъ гардид ки соли ҷорӣ сохтмони ин иншоот ба анҷом расонда хоҳад шуд. Дар ин радиф, бунёди 3 муассисаи таълимӣ дар шаҳри Норак, навоҳии Кӯшониён ва Қубодиён аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони 2 муассисаи таълимӣ дар ноҳияҳои Кушониён ва Данғара низ ба номгӯйи иншооти сохташавандаи марҳалаи навбатии Бонки Исломии Рушд ворид карда шудааст, ки иншооти номбурда соли равон оғоз хоҳад шуд, Дилшод Сафарзода афзуд, ки аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илм 8 синфхонаи иловагӣ барои 192 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №58, деҳаи Шӯрқишлоқи ноҳияи Восеъ ва аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таълимии рақами 29-и деҳаи Кулолони ноҳияи Ховалинг ба ҳамин миқдор синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Бояд қайд кард, ки ба рӯйхати иншооти сохташавандаи марҳалаи чоруми Фонди Саудии Рушд сохтмон ва азнавсозии 17 муассисаи таҳсилоти умумии дар ҳолати садамавӣ қароргирифта ворид карда шудааст. Илова бар ин, аз ҳисоби лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» (Бонки Исломии Рушд) сохтмон ва азнавсозии 97 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 22 608 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Дар асоси замимаи 3-и барномаи зикршуда аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми кишвар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон ва бинои нави таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №29-и деҳаи Навободи ноҳияи Данғара сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Ҳамзамон, ба рӯйхати захиравии иншооти сохташаванда аз ҳисоби марҳалаи чоруми Фонди Саудии Рушд сохтмони биноҳои шуъбаҳои маорифи навоҳии Панҷ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ ворид гардидааст.
- Ҳукумати мамлакат, - зикр намуд муовини сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Д. Сафарзода, бо мақсади таъмин намудани рушди илму маориф маблағгузориро ба соҳа сол то сол афзоиш медиҳад. Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018 №АП – 1059 соли равон аъзои Ҳукумат, роҳбарони кумитаҳо, хадамоту агентиҳо, дигар сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо вазифадор гардиданд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, ба хусус, дар деҳаҳои дурдаст барои бунёди иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла, муассисаҳои соҳаи маориф якҷо бо соҳибкорону тоҷирон ва сокинони маҳалҳо тадобири мушаххас андешанд. Дар назар дошта шудааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қисми зиёди мушкилоту масъалаҳо дар самти сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ рафъ хоҳад шуд.
- Аммо дар зимн масъалаи ҳифзу нигоҳдории биноҳои наву хуштарҳи муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз ҷониби раҳбарияти таълимгоҳҳо, истифодаи судманду муассири асбобу васоити техникии ҳозиразамон (аз қабили компютеру видеопроектор ва тахтаҳои электронӣ), гузаронидани машғулиятҳо бо сатҳу сифати баланд дар синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои лингофонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани роҳраву дохили синфхонаҳо, сабзу гулзор намудани саҳни таълимгоҳҳо, дар маҷмӯъ, тамоми васоити обрасону бо гармӣ таъминкунанда ва амсоли ин бояд ба таври пайваста дар меҳвари назорати маъмурияти мактабҳо қарор дошта бошад, - мегӯяд Д.Сафарзода. Вале мушоҳидаҳои мо зимни сафарҳо ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки на дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба масоили нигаҳдории асбобу ашёи хониш, вазъи беҳдошти бинои таълимгоҳҳо, ки тайи солҳои охир сохта шудаанд, таваҷҷуҳу ғамхорӣ карда мешаванд. Дар иддае аз муассисаҳои ба тозагӣ бунёдкардашуда дару тирезаҳо вайрон ва деворҳои синфхонаҳо ифлос карда шудааст. Васоити системаи ягонаи гармкунӣ аз беназоратии маъмурияти мактабҳо дар мавсими сармо ба таври бояду шояд кор намекунанд, аз ин рӯ, синфхонаҳо дуруст гарм намешаванд. Бархе аз сарварони таълимгоҳҳо ба баҳонаи вайрон гардидани дастгоҳҳои технологии муосир (компютеру видеопроектор ва тахтаҳои электронӣ) он асбобу абзорро баҳри истифода ба ихтиёри хонандагон намегузоранд. (Ҳатто ба тасдиқи Д.Сафарзода, ҳолатҳое ба назар мерасад, ки то ҳол, баъди ба истифода додани бинои нави мактабҳо ба компютерҳо даст нарасондаанду аз қуттиашон берун набаровардаанд). Ҳамин вазъи булаҷаб дар мавриди ҳоҷатхонаҳое, ки ба таври замонавӣ дар дохили бинои мактабҳо мавҷуданд, дида мешаванд. Директорону ҷонишинҳояшон намегузоранд, ки хонандагон аз ташноб истифода кунанд. Дар баъзе таълимгоҳҳо аз хунукназарии раҳбарият ва шахсони масъул гулҳои дар тубакҳо ҷойгиршуда, ки дар ҳар як ошёнаи муассисаи таълимӣ мавҷуданд, хушк шудаву тӯбакҳоро чанг зер кардааст. Ҳоли иддае аз боғчаҳои мактабӣ боиси ташвиш ва нигаронист. Гулу гулбуттаҳо, ниҳолакони замоне сабзу ботароват аз беобӣ пажмурда шуда, саҳни таълимгоҳ харобаеро мемонад. Дар бархе аз мактабҳо шиору овезаҳо ва лавҳаҳои дорои навиштаҷот дар ҳоли ногувор қарор доранд. Вақте ки ба тасдиқи Д.Сафарзода, сабаби ин вазъро аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ пурсон мешавед, дар ҷавоб баҳонаҳои зиёдеро (аз қабили серкорию дар маҷлису ҷамъомадҳо банд будан ва ғайра) шафеъ меоранд, ки боиси таассуф аст.
Аз ин хотир, роҳбарияти муассисаҳои таълимиеро, ки бинои мактабашон нав мебошад, зарур аст, ки ба нигоҳубин ва тозагию ободии таълимгоҳашон диққати зарурӣ зоҳир намуда, ба ин масъала бо камоли масъулият ва дилсӯзона муносибат намоянд. Бояд дар хотир дошт, ки барои бунёди ҳар як бинои нави муассисаи таълимӣ маблағҳои зиёд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф мешаванд. Ба қадри ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумат ва Раҳбари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд расид.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр