Дар нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ректори он Маҳмадулло Раҷабзода зикр намуд, ки донишкада дорои 4 факулта: филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои романӣ-германӣ, забонҳои Шарқ, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 10 кафедра буда, мутобиқи нақшаи таълимӣ аз рӯи 27 ихтисос бо фарогирии 3872 нафар донишҷӯ фаъолият менамояд.
Соли 2018 зинаи бакалавриатро 603 нафар (шуъбаи ғоибона 150 нафар) донишҷӯ, аз ҷумла, 9 нафар бо дипломи аъло ва шуъбаи магистратураро 43 нафар, аз ҷумла, 1 нафар бо дипломи аъло ва докторантураро аз рӯӣи ихтисос РЫ) 3 нафар бо баҳои аъло хатм намуданд.137 нафар хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи кор сафарбар карда шуданд.
Шоистаи таъкид аст, ки соли 2018 тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи қабул ба донишкада 926 нафар донишҷӯ дохил гардида, нақшаи қабул 99,9% иҷро гардид. Қабули шаҳрвандони хориҷӣ низ тибқи муқаррарот ба роҳ монда шуда, аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба зинаи бакалавриатура 258 довталаб дохил гардиданд.
- Боиси хушнудист, ки бо мақсади омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ соли гузашта 4 ихтисоси нав: забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ; забон ва адабиёти тоҷик, фарҳанги ҷаҳонӣ; забони фаронсавӣ, забони англисӣ, забони олмонӣ, забони англисӣ таъсис дода шуд. Фонди китобхонаи илмии донишкада бо 837 нусха адабиёти илмӣ ва таълимӣ мукаммал гардонида шудаааст, - қайд кард ректори донишкада. - Ҳамкориҳои байналмилалии донишкадаи низ густариш ёфтааст. Донишкада бо зиёда аз 45 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар ин ҷо 10 нафар омӯзгори хориҷӣ фаъолият ва 352 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамоянд. Инчунин, соли гузашата 48 донишҷӯ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ 11 нафар омӯзгор барои такмили ихтисос фиристода шуданд.
Ректори донишкада М. Раҷабзода ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр