Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон теъдоди зиёди намояндагони воситаҳои ахбори умум гирд омада буданд, ки инро метавон ҳамчун як далели афзудани таваҷҷуҳ ба фаъолияти густурдаи ин мактаби олӣ низ тавзеҳ бахшид. Воқеан, ин боргоҳи таълим бо чанде аз иқдомоти шоистааш маъруфият пайдо кардааст. Чунончи, донишгоҳи мазкур чун нахустин маърифатгоҳе шинохта мешавад, ки дар ҷумҳурӣ бо қатъият низоми таҳсилоти кредитиро пазируфта, дар ин самт ба комёбиҳо расидаву таҷрибаи судманд андӯхтааст. Дар корбасти таҳсилоти фосилавӣ низ аҳли ин таълимгоҳ дар қатори пешсафонанд. Ҷавононе, ки Донишгоҳи давлатии тиҷоратро хатм кардаанд, мутахассисони кордону фаъоланд ва дар бисёр корхонаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ мувофиқи ихтисосашон сарбаландона кор мекунанд.
Муҳим он аст, ки сол то сол ҳайати устодон – олимони варзидаи донишгоҳ мукаммалтар мешавад ва фаъолияташон меафзояд. Танҳо дар давоми соли 2018 ҳашт нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои докторию номзадӣ ҳимоя карданд. Устодони ин мактаби олӣ соли гузашта 86 мақолаву рисолаи гуногунмавзӯву муҳтавоманд, 4 китоби дарсӣ, 18 комплекси таълимӣ – методӣ ва 64 дастури омӯзишӣ таҳия ва чоп намуданд. Айни замон 17 нафар ба навиштани рисолаи номзадӣ ва 30 нафар ба навиштани рисолаи докторӣ машғуланд. Дар соли 2018 се монографияи устодони донишгоҳ дар Фестивали шаҳри Париж (Фаронса) сазовори медали тилло гашт.
Дар заминаи ин ҳама нишондоҳои ҷолибу ситуданӣ ва бартариҳои дигараш Донишгоҳи давлатии тиҷорат дар рейтинги мактабҳои олии мамлакат (бо иштироки 30 донишгоҳу донишкада) ба ишғоли ҷои панҷум шарафёб гардид.
Маълумоти боло аз суханронии ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Ҳ.Фақеров зимни нишасти матбуотӣ барчида шуд. Дар идомаи ин ҳамоиш ректори донишгоҳ ва чанде аз масъулини таълимгоҳ ба суолҳои зиёди рӯзноманигорон бо истифода аз далелу арқоми фаровону асосманд ҷавоб доданд. Рӯзноманигорон бештар ба масоили тарбияи сиёсии ҷавонон, таҳсили хориҷиён дар донишгоҳ ва равобити байналмилалӣ, заминаҳои моддию техникӣ ва таълимии донишгоҳ, шароити таҳсили донишҷуён ва фаъолияти устодон ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
М.АБДУРАУФ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр