Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва робитаи байниҳамдигарии кишварҳо тафовути фарҳангҳо, пеш аз ҳама, ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон таъсир мерасонад. Ин гурӯҳи ҷомеа бо ҳушёрӣ, зиракӣ ва хеле зуд пазируфтани падидаҳои нав ба воситаи нақл, тамошои филмҳо, воситаи ахбори омма фарқкунанда мебошанд. Бинобар ин, бо роҳҳои гуногун афзалият ва волоияти фарҳангу маданият, урфу одат ва расму оини миллию аҷдодиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонидан дар раванди таълиму тарбия зарур аст. Дарки волоияти фарҳанг ва одобу ахлоқи миллӣ наврасону ҷавононро дар зинаҳои ояндаи фаъолият аз бегонапарастӣ бозмедорад. Бисёр ҷавонони болаёқат пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил ва кору фаъолият мекунанд. Дар сурати эҳтиром ба асолати миллӣ онҳо метавонанд фарҳанги ғанӣ ва расму оини миллии аҷдодии моро дар дигар кишварҳо ифтихормандона муаррифӣ намоянд.
Пеш аз ҳама, хонандагон бояд то ба мактаб омадан аз ҷузъиёти одии одобу расму оин, ки дар сатҳи оила мавҷуданд, огоҳ бошанд. Волидонро зарур аст, ки тартиби муносибат бо шахсони аз худ калон, одоби либоспӯшӣ, тозаю озода нигоҳ доштани либосу пойфзол ва монанди инҳоро ба фарзандони худ омӯзанд. Кӯдакон аксаран одобу рафторро аз дидану шунидан мушоҳида ва зуд аз бар мекунанд. Муносибати хуби калонсолон ва рафтори дурусти онҳо кофӣ аст, ки кӯдак аз хурдсолӣ соҳиби ахлоқи ҳамида гардад.
Оилаҳое ҳастанд, ки кӯдаконро аз хурдсолӣ ба самти афкори калонсолон тарбия мекунанд, онҳоро ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳаётӣ аз хурдӣ ошно месозанд. Дар ин ҳолат самти тафаккури кӯдакон вобаста ба вазъи оилавӣ ва муносибати калонсолон ба онҳо ташаккул меёбад. Оилаҳое низ ҳастанд, ки кӯдаконро дар самти шароити мувофиқ ба синну солашон давра ба давра тарбия мекунанд. Масалан, вақте фарзанд ба ягон камбудӣ роҳ медиҳад, модар ӯро аввал худ сарзаниш мекунад, сипас, ҳолати ҷойдоштаро ба падар нақл карда, ӯро низ водор ба сарзаниш кардани фарзанд менамояд. Муносибати падарон дар чунин ҳолат бояд хело эҳтиёткорона бошад, то ин ки ба фарзанд осеби равонӣ нарасонанд. Рафтору муносибати нодурусти волидон ба тарбияи фарзанд таъсири манфӣ мерасонад.
Бояд ба як нуқтаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки кӯдакон дар оила бештар ба падар эътимод доранд ва фикру хулосаи падар дар назди онҳо эътибори бештар дорад. Муносибати дӯстонаю меҳрубононаи байниҳамдигарии калонсолон, ба хусус волидон дар оила барои ташаккули солимфикрии кӯдакон ва наврасон нақши муҳим мебозад. Дар ин ҳолат оила барои онҳо ҳамчун такягоҳи боэътимод ба ҳисоб меравад ва дар тафаккурашон фарҳанги зебои оилавӣ нақш мебандад.
Шаҳло
РАСУЛБЕРДИЕВА,
омӯзгори ЛТТ ба номи «Афлотун»-и ноҳияи Данғара
Иловакунӣ
Иловакунии фикр