Маркази миллии тес-тии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон ва кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 аз 4-уми феврали соли ҷорӣ семинарҳои омӯзиширо барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ оғоз намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломова, мувофиқи нақша дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2019 дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо теъдоди 140 истгоҳи корӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешавад.
Тибқи эълон бо тариқи электронӣ 350 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигар) пешниҳод намуданд. Аз ин шумора, мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, 347 нафар шахси аризадода ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд.
Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Рашт ва Данғара аз ҷумлаи кормандони марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Тибқи барнома семинарҳои омӯзишӣ барои 14 гурӯҳ дар шаҳрҳои зикршуда то 16-уми феврал давом меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки бақайдгирии довталабон 1-уми марти соли 2019 дар низоми имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ оғоз меёбад.
Н. Охунзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр