Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ бештар мегардад

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

31 январи соли 2019 нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Директори марказ Хуршед Икромӣ иброз дошт, ки соли 2018-ум дар 55 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар 38 шаҳру ноҳия 42 нуқтаи доимӣ ва дар  17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шуд.

Дар ду марҳалаи бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД дар соли 2018-ум ҳамагӣ 95819 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2017-ум 722 нафар (0,75 %) кам аст. Дар муқоиса  бо  нақшаи  қабули  донишҷӯён  дар соли  2018-шумораи  бештари  довталабон  гурӯҳи  ихтисосҳои  5-ум  (тиб, биология  ва  варзиш)  ва  шумораи  камтаринашон гурӯҳи  ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб карда буданд. Кормандони марказ баҳри ҷалб намудани таваҷҷуҳи довталабон ба фанҳои дақиқ ҳамвора талош менамоянд. Х. Икромӣ иброз дошт, ки аз шумораи умумии довталабони азқайдгузашта соли 2018 дар имтиҳонҳо  89353  нафарашон  иштирок  карданд, ки ин аз  шумораи умумии довталабон  93,3 %-ро  ташкил дод. Шумораи  довталабоне,  ки  ғолиби  олимпиадаҳои  фаннии ҷумҳуриявӣ буданд, дар соли 2018-ум 214 нафарро ташкил намуд. Соли 2018-ум шумораи довталабоне, ки ғолиби  олимпиадаҳои  фаннии  байналмилалӣ  2 нафар ва шумораи  довталабоне,  ки  дар  соҳаи  варзиш дастовардҳо доштанд, аз ҷумла, дорандагони унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  (9  нафар)  ва  дараҷаи  «Номзад  ба  устоди варзиши  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  (133  нафар)  ҳамагӣ  142  нафар буданд.

- Бояд гуфт, ки тибқи тартиби муқарраргардида ғолибияти довталаб дар олимпиадаи фаннии  ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ  дар  сурате  ба  ҳисоб гирифта мешавад,  ки агар фанне, ки  довталаб дар  олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ дар он ғолиб шудааст, барои ихтисосҳои интихобкардааш фанни асосӣ бошад. Вобаста ба ин, аз 185 ғолиби  олимпиадаҳои фаннӣ, ки  дар  озмуни  тақсимот комёб гардидаанд, 123 нафарашон  бо  гирифтани  имтиёз  ва 62  нафари дигарашон бе  гирифтани  имтиёз  сазовори  номи донишҷӯй шуданд, - қайд кард директори марказ.

 

Н. Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш