Нашрияи Омӯзгор

Маориф дар меҳвари Паём

Сана: 2019-02-12        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон тамоми самтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакатро ба таври хеле васеъ мавриди таҳлил, таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимтарин дастовардҳои соли 2018 андешаҳои ҷолибе баён карданд.

Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерую тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷӯён дар тамоми  муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст.

Дар Паёми Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дирӯзу имрӯз ва фардои маорифи кишвар аз масоили меҳварӣ ба шумор рафта, нуктаҳои таъкидшудаи зерин моҳияти ин меҳварро ифода кардаанд:

1. Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

2. Идомаи бомароми ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва давра ба давра бартараф намудани мушкилоти мавҷуда;

3. Таваҷҷуҳи асосиро ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ равон кардан ва зиёд кардани муассисаҳои томактабӣ;

4. Бунёди 1050 муассисаи таҳсилоти касбӣ ва томактабӣ;

5. Таваҷҷуҳи махсус ба сатҳу сифати таълим;

6. Бартараф кардани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ;

7. Ғамхории бештар зоҳир кардан ба устодону омӯзгорон;

8. Баланд бардоштани касбияти омӯзгорон ва дар ҳар се сол аз аттестатсияи давлатӣ гузаронидани омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф;

9.Такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ;

10. Тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар.

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар боиси он мегардад, ки хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ бештар ҷалб гарданд ва барои дар оянда комёб шудан ба ихтироот заминаҳои бунёдии илмҳои мазкурро ба таври зарурӣ аз худ намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ки ба низоми ягона ва умумию пешрафтаи таълиму тарбияи ҷаҳонӣ ворид гардад, бояд дар ин самт ислоҳоти зиёдеро гузаронад ва вориди фазои ягонаи таълим гардад. Агар ислоҳот босамар ва санҷидаю бомаром сурат гирад, он барои рушди минбаъдаи кишвар мусоидат карда метавонад, вале агар ин ислоҳот манфиатҳо ва арзишҳои таърихии миллати тоҷикро сарфи назар намояд, дар ин маврид низоми миллии таълиму тарбия халалдор мегардад. Ҳар як ислоҳоте, ки дар ин самт гузаронида мешавад, бояд фарогири арзишҳои миллӣ бошад. Ҷаҳонишавии маориф ногузир аст, вале ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихӣ дар ин раванд боз ҳам моҳияти бештаре касб менамоянд.

Таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба муассисаҳои томактабӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ дар Паёми Пешвои миллат хеле муҳим арзёбӣ гардид. Ҳадафи асосии Президент аз он иборат аст, ки аз айёми кӯдакӣ ва наврасӣ ба таълиму тарбия, тадрис ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҷалб намудан дар ниҳоди ҳар як кӯдак ё наврас заминаҳо ва малакаҳои муҳими фарогирии донишро бунёд менамояд ва ӯ дар муҳити ҷамъиятӣ камол ёфта, минбаъд низ чун шахси комили ташаккулёфта барои ҷомеа хизмат карда метавонад.

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама давру замон аз омилҳои муҳими самти маориф ба шумор меравад. Барои он ки сифати таълим боло равад, бояд ҳар як фарде, ки дар соҳаи маориф ба ҳайси омӯзгор, мураббӣ, устод ва ё корманд фаъолият мекунад, масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошад ва ояндаи насли наврасро яке аз муҳимтарин ҳадафҳои фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии хеш қарор диҳад.

Раванди таълим ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва он вақт самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Бо ташаббус ва ибтикороти бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар тамоми марказҳои вилоятҳо ва баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар фаъолият доранд, ки дар аксари онҳо мутахассисони соҳаи маориф омода карда мешаванд, вале ҳанӯз ҳам ҳамаи онҳо баъд аз хатм ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба кор ҷалб карда намешаванд. Барои ҷалби хатмкардаҳо ба муассисаҳои таълимӣ Ҳукумати мамлакат имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ кардааст ва тибқи таъкиди Пешвои миллат минбаъд низ ба устодону омӯзгорон ғамхории бештаре зоҳир карда мешавад.

Таҳкими омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ аз нуктаҳои муҳимтарини Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба шумор меравад. Донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан, русию англисӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷавонони кишвар аз дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоии ҷаҳон боз ҳам беҳтар огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамзамон, дар муаррифии комёбиҳои кишвар дар олам нақши муҳим гузошта, миллати худро ба ҳайси як кишвари соҳибтамаддун тарғиб бикунанд.

 

Лутфулло САФАРОВ,

муовини аввали ректори

Донишкадаи исломии Тоҷикистон  ба номи Имоми

Аъзам, дотсент,

Муҳаммаддовуд САЛОМОВ,

мудири кафедраи таърихи

забон  ва типологияи

ДМТ, дотсент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш