Гиёҳи коснӣ, ки онро талхаи кабуд, чарашку ва ё чачрақӣ низ ном мебаранд, дар тиб васеъ истифода бурда мешавад. Аз рӯи таҳлили гиёҳпизишкон, дар таркиби гиёҳи коснӣ витаминҳои В1,В2, каротин, намакҳои маъданӣ, сафеда, моддаҳои дабоғӣ ва дигар элементҳои кимиёвӣ мавҷуд мебошанд.
Ҳар як гиёҳе, ки дар кишвари мо мерӯяд, тарзи ҷамъоварӣ намудану хушконидани хоси худ-ро дорад. Баргу пояи косниро дар аввали тобистон ва решаашро дар охири тирамоҳ ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойҳои сояи шамолрас мехушконанд. Муҳлати истифодаи гиёҳи хушккардаи коснӣ то ду сол муайян шудааст. Ду навъи ин гиёҳ маъмул буда, ҳар яке хусусиятҳои хоси худро доранд. Ҳангоми истифодаи ин гиёҳ харобию фарбеҳӣ ва аз ҳама муҳим миҷози шахс ба инобат гирифта мешавад. Аз ин рӯ, то кадом андоза шифобахш будани рустании коснӣ аз миҷози шахси бемор вобаста аст. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки ҳар як ҷузъи коснӣ барои муолиҷаи оризаю омосҳои узви инсон зарур аст. Косниро ҳамчун рустании давоӣ Абӯалӣ Ибни Сино барои рафъи бештари оризаҳо, аз ҷумла, барои бемориҳои ҷигару талхадон пешниҳод кардааст. Дар тибби мардумӣ косниро ҳамчун доруи иштиҳоовар, бодшикан ва арақовар истифода мекунанд. Ҳамчунин, мутахассисон косниро барои муолиҷаи бемориҳои меъдаву рӯда ва тарбодӣ низ муфид арзёбӣ кардаанд. Истеъмоли гиёҳи коснӣ бояд тибқи тавсияи мутахассисон сурат бигирад, зеро дар аксар минтақаҳое, ки рустаниҳои шифобахш мерӯянд, мардум дар бештари ҳолат ба худтабобатткунӣ машғул мешаванд. Табибон бар ин назаранд, ки чунин амал мумкин аст ба ҷои фоида зарар орад.
Шоҳзодаи ИСМАТУЛЛО,
омӯзгори химия-биологияи
мактаби №20-и
ноҳияи Файзобод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр