Калимаи «салом» арабӣ буда, маънояш осоиш, сулҳу амонӣ, осудаҳолӣ мебошад ва шакли тоҷикии он «дуруд» аст. Дар байни мардум салом тарзҳои гуногун дорад.
Саломи дастӣ, салом бо ишорат, салом бо ҳаракати сар ва амсоли ин. Маъмулан, мувофиқи расму оини тоҷикӣ саломдиҳанда, агар хурдсол бошад, дасти росташро ба сари сина гирифта, ба шахси аз худ калонсол салом медиҳад. Дар айни замон алайкгиранда низ ҳамин амалро такрор мекунад. Аз ин рӯ, дар байни мардум мегӯянд, ки “салом қарзи Худост”.
Салом ҳамчун одоби муоширати байни одамон он қадар муҳим аст, ки ҳатто дар зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ ба аҳамияти ахлоқии он таъкид шудааст: “салом додан ҳам қарзу ҳам фарз”, ”салом аз хурду калом аз калон”, “салом хурду калон надорад”, “салом аз мост, ҷавоб аз шумост” ва ғайра.
Дар асарҳои донишмандони форсу тоҷик доир ба моҳият ва арзиши салом назару андеша баён гардида, беҳтарин воситаи муносибати байни одамон будани он таъкид ёфтааст. Аз ҷумла, дар китоби Мавлоно Камолиддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Футувватномаи султонӣ» бобе бо номи «Дар одоби салом кардан» омадааст, ки дар он ҷой, макону мавзеъ, шарту шароити салом, фазилати салому одоб шарҳ ёфтаааст:
Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом бояд кард, бигӯй, дар ҳафт мавзеъ. Аввал, чун бародари тариқро бинӣ, салом бояд кард. Дуюм, чун дар роҳ равӣ, ба одамон салом бояд кард. Сеюм, чун ба дари хонаи бародар равӣ, салом бояд кард. Ва инро саломи истизон (иҷозат хостан) гӯянд, Чаҳорум, чун ба ҷамъе дароӣ, салом бояд кард. Панҷум, чун аз мавзее, ки нишастӣ, бархезӣ ва ҷамъе он ҷо бошанд, салом бояд кард ва инро саломи видоъ гӯянд. Шашум, чун ба мақбарае расад, салом бояд кард. Ҳафтум, чун ба хонаи худ дарояд, бар аҳли байти худ салом кунад...
Гулрафтор
Давлатмамадова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр