Миробид Сайидои Насафӣ, ки ҳамакнун 400-солагии рӯзгорони пурфайзаш дар кишвари мо таҷлил мешавад, аз шоирони шуҳратманду мумтози садаи 17-уми адабиёти тоҷик буда, дар арсаи назми оламгири халқамон нақше мондагор гузоштааст.
Ӯ ҳанӯз дар овони зиндагии худ бо эҷодиёти фарохмазмуну тозабаёнаш, ки ғолибан жанрҳои ғазалу мухаммасро дар бар мегирифтанд, байни аҳли адаб шуҳрату эътироф пайдо кардааст. Устод С.Айнӣ дар асари безаволаш «Намунаи адабиёти тоҷик» се мухаммасу се ғазали Сайидоро оварда, аз ҷумла, навиштааст: «Сайидо аз ақсоми шеър дар мухаммасгӯӣ хуш дорад, байтҳои дигаронро семисраӣ зам намуда, ба тариқи мухаммас тазмин менамояд. Бисёртари мухаммасоташ бар ғазали Соиб аст».
Воқеан, пас аз Инқилоби Октябр аввалин донишманде, ки таваҷҷуҳ ба эҷодиёти ин шоири тавоно бинмудааст, устод Садриддин Айнӣ мебошад. Ӯ дар чанд асари дигараш низ, ки ба масоили адабиётшиносӣ бахшида шудаанд, ба Сайидо ишора кардаву ба эҷодиёташ руҷӯъ бинмудааст. Баъдтар муҳаққиқони дигари адабиёти тоҷик дар бардошт аз осори устод Айнӣ рӯй ба ҳаёту эҷодиёти Сайидо овардаву мақолаҳое фарогир навиштаанд. Аз ҷумла, олими маъруф Холиқ Мирзозода дар ин мавзӯъ чанд мақола ба нашр расонидааст. Дар давраи навини адабиёти тоҷик академик Абдулғанӣ Мирзоев барҷастатарин муҳаққиқи омолу осори Сайидои Насафӣ шинохта мешавад. Ин олими барҷаста ва пажӯҳишгари мумтози адабиёти классикӣ ҳанӯз соли 1944 «Девони мунтахаб»-и Сайидоро таҳия бинмудаву ба нашр расондааст. Баъдтар (соли 1947) академик А.Мирзоев дар заминаи омӯзиши васею бардавоми ҳаёт ва эҷодиёти Сайидо аз сарчашмаҳои гуногуни муътамад рисолаи маъруфу бунёдиаш «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик»-ро омодаи чоп мекунад. Дар ин рисолаи пурмуҳтаво олими номвар миқдори абёти девони шоирро 9024 байт муқаррар кардааст. Дар аҳди Шӯравӣ намунаҳо аз ашъори Сайидои Насафӣ борҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дастаҷамъӣ ва монанди инҳо ба нашр расида бошад ҳам, танҳо соли 1977 бо кӯшишу таҳияву веростории донишманди варзида Ҷамшед Шамбезода «Асарҳои мунтахаб»-и шоир дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст, ки аз 700 саҳифа ва 22 ҷузъи чопӣ иборат мебошад ва алҳол он аз мукаммалтарин китобҳои нашршудае маҳсуб меёбад, ки эҷодиёти шоирро ҳар чӣ бештар фаро мегирад. Як ҷилди силсилакитобҳои «Ахтарони адаб» низ ба эҷодиёти Сайидои Насафӣ бахшида шудааст. Дар мактабҳои ҷумҳурӣ ҳаёт ва эҷодиёти шоир васеъ омӯхта мешавад. Барои хонандагон, махсусан, омӯзиши абёти ҳикматбори шоир ва маснавии «Баҳориёт»-и ӯ дорои аҳамияти махсус мебошад. Чанд байти машҳури Сайидоро, ки бори гарони маънӣ мекашанд, мисол меорем:
Дил чун мутеъ гашт, чароғи назар шавад,
Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.
***
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегирад.
Дар муҳаббат тифли ашкам
гавҳари дил мешавад,
Чун мураббӣ шуд падар,
фарзанд қобил мешавад.
Ғазалҳои Сайидо, чун ин байтҳои андарзборро зиёд дар бар доранд, ки дар тарбияи насли наврас нақши барҷаста мегузоранд. То ҷое ки мо огаҳӣ дорем, то ба имрӯз дар Тоҷикистон куллиёти Сайидои Насафӣ чоп нашудааст. Шояд ба ифтихори 400 – солагии шоир ин кори муҳим ва манфиатбор ба анҷом расонида шавад. Ҳаёт ва эҷодиёти Сайидои Насафӣ шоистаи ҳар чӣ бештару мукаммалтар омӯхтан мебошад, зеро хеле рангину пурмазмуну ибратбахш аст, махсусиятҳои худро дорост.
Дилафрӯз Маҳмудова,
омӯзгори забон ва адабиёти
литсейи Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр