Дар Тоҷикистони азизи мо омӯз-гороне хеле зиёданд, ки бо фаъолияти бовусъату пурбори худ шуҳратёр гардидаву нуфузу мақоми пешаи шарифи муаллимро боз ҳам афзудаанд. Чунин омӯзгорон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мавҷуданд ва мо ба василаи воситаҳои ахбори умум (бештар ҳафтаномаи «Омӯзгор») аз кору фаъолияти онҳо дар паҳнои таълиму тарбия огаҳӣ пайдо мекунем. Устоди арҷманди мо Асрор Маҳмудов низ дар қатори омӯзгорони накуному варзида ҷой дошт. Соли 1963 ДДОТ ба номи С.Айниро хатм намуда, ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби №67-и ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолият пардохт. Аз оғоз мекӯшид, ки ҳар рӯзи кораш дар таълимгоҳ босамар ва барои шогирдон судбахш бошад. Ва ба ин муваффақ ҳам гашт. Тадриҷан номвару соҳибтаҷриба шуд, маҳорату истеъдодашро сайқал бахшид. Ба машғулиятҳои ӯ хонандагон бо шавқу завқ ҳозир мешуданд, устоди худро дӯст медоштанд; барои маҳорати баланди омӯзгориаш, барои муомилаву суханҳои самимиаш, барои ҳикоёти ибратбахшу хотирмонаш, барои бо меҳри саршор «фарзандони азизам…» гуфта оғози дарс карданаш, барои ҳидояту таманниёти неку илҳомбахшаш…
Устод Асрор Маҳмудов мекӯшид, ки ҳар рӯзи шогирдон дар мактаб рангину муассир бошад ва аз ин рӯ, мунтазам вохӯриву мусобиқоту конфронсҳо, маҳфилҳои гуногун ташкил мекард, хонандагонро ба мутолиаи ҳамешагии адабиёти бадеӣ даъват менамуд. Дар ҳар дарсаш ба луғатомӯзиву шеърдонии шогирдон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард. Ба як сухан, ҳар дарсаш, машғулияташ бо шогирдон «замзамаи муҳаббат» буд.
Устод Асрор Маҳмудов наздик ба ним асри зиндагии пурборашро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшид ва соли 2000-ум ба нафақа баромад, вале чун устоди устодон маслиҳатгару раҳнамои аҳли таълимгоҳ монд. Ин омӯзгори шуҳратманд ва инсони наҷиб охири моҳи гузаштаи соли равон дар 81-солагӣ аз олам даргузашт. Чун рӯзгори неку ибратбахш дошт, чун ҳамеша аз пайи таълиму тарбия буд (бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон, медали «Собиқадори меҳнат» мукофотонида шудааст), чун баҳри рушди маориф ҷаҳду талош варзид, ҳамеша номи некаш дар ёдҳо хоҳад буд.
Нуралӣ Каримов,
собиқадори соҳаи
маориф,
Аълочии маорифи Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр