Нашрияи Омӯзгор

Талошҳои самаровари устод

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Маҳмадталаб Назруллоев пас аз хатми омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб фаъолияти омӯзгорияшро аз мактаби деҳаи Ҷавзодараи ноҳияи Муъминобод шурӯъ кардааст. 

Баъд аз чанде ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват гардида, хизмати Модар-Ватанро сарбаландона адо намуд ва ба зодгоҳаш баргашт. Ҷиҳати такмили илму дониш ба Донишкадаи шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро низ бо муваффақият ба итмом расонд ва дар мактаби деҳаи Шаймири ноҳияи Муъминобод ба ҳайси омӯзгори забони русӣ дубора ба таълиму тарбияи насли наврас пардохт.

М. Назруллоев дар айёми донишҷӯӣ ба варзиш, хусусан, гӯштии миллӣ меҳри беандоза дошт. Дар барномаҳои наврӯзии минтақаи Кӯлоб пайваста иштирок мекард ва дар сабқатҳои гӯштии миллӣ мудом ғолиб мешуд, ба қавли мардум «пушташ заминро намедид».

Маҳмадталаб Назруллоев ҳам дар ҷодаи варзиш ва ҳам дар фаъолияти омӯзгорӣ яке аз пешсафони давр буда, бо истифода аз донишу илмҳои омӯхтаи хеш дар замири наврасону ҷавонон ҳисси хештаншиносӣ, меҳру муҳаббати содиқона доштан ба ин марзу бумро бедор менамуд. Инчунин, ба хонандагон ҳамеша талқин мекард, ки аз дарёи беохири илму дониш баҳра бардоранд ва бо талошу кӯшиш дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намоянд, дар хидмати Ватан бошанд. Муаллим ба шогирдон забон меомӯхт ва мукаррар таъкид мекард, ки  забондонӣ кафолати комёбиву пешравист.

- Ман ба арсаи таълиму тарбия бо ҳидоят ва дуои неки падару бобои бузургворам қадам ниҳодаам. Донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони русӣ ва англисӣ ба ташаккулу тавсеаи мафкура ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат менамояд. Ҷавонони имрӯза танҳо бо забондониашон ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд ва метавонанд аз техникаю технологияҳои иттилоотии замони муосир самаранок истифода баранд,-мегӯяд омӯзгори пуртаҷриба, Аълочии маорифи ҶТ Маҳмадталаб Назруллоев.

Мавсуф қариб 50 сол аст, ки ба омӯзгорӣ машғул аст ва ба наврасону ҷавонони зиёде илму дониш омӯзонидаву таълим додааст. Имрӯз шогирдонаш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат кашида, барои пешрафти ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.

Муҳаббату эҳтироми хонандагон, арзи  сипосу миннатдории падару модарон ва эътирофи ҳамкорон Маҳмадталаб Наз-руллоевро садчанд рӯҳбаланд мекунад. Мақсаду мароми устод имрӯзҳо ободкорию созандагист ва пайваста бар он мекӯшад, ки ҷиҳати бунёди мактабҳои нави замонавӣ, таъмир ва муҷаҳҳаз сохтани таълимгоҳҳо саҳм гузорад. Номбурда яке аз ташаббускорони лоиҳаи азнавсозии мактаби деҳаи Шаймир маҳсуб меёбад...

 

Назрулло Нуралиев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш