Нашрияи Омӯзгор

Ба як инсон 40 ҳунар кам

Сана: 2019-02-18        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

Дар деҳаи Шоҳони Ҷамоати деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷуфти хушбахте умр ба сар мебаранд. Марди хонадон Ҳалим Каримов омӯзгор аст, таҷрибаи беш аз 40-солаи омӯзгорӣ дошта, дар мактаби рақами 20-и ноҳия аз фанни физика ба хонандагон дониш меомӯзонад.

Ҳарчанд ба синни мубораки нафақа расида бошад ҳам, ба пешаи дӯстдоштааш-омӯзгорӣ содиқ аст ва бо дили гарм ба таълиму тарбияи насли наврас шуғл меварзад. Муаллим Ҳалим Каримов бо ҳамсараш Мукарамма Назарова зиндагии аҳлона дошта, барои атрофиён намунаи ибратанд. Онҳо дар давоми умри бобаракати хеш 7 фарзандро ба дунё овардаву бо беҳтарин шева тарбия намудаанд ва имрӯз ниҳолакони боғи умедашон самараи дилхоҳ додаву дар арсаҳои зиндагӣ комёбу муваффақанд.

Бояд гуфт, ки зану шавҳари хушбахт, солҳои зиёдест ба парвариши дарахтони мевадиҳанда низ машғуланд. Чанд сол пеш онҳо дар замини наздиҳавлигиашон  як дона ниҳоли анорро аз тухмаш сабзонида, нигоҳубин карданд. Навниҳол дар 3-солагиаш 7 дона мева баст. Айни замон ниҳоли худрӯй 6-сола шудааст ва баландии қадащ 2,5-2,8 метрро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии намунаи нави анор хуб буда, барг, гул ва меваҳояш аз дигар анорҳои маҳаллӣ тафовут дорад. Меваи анори нав нисбат ба меваи дигар анорҳои маҳаллӣ серобтару ширинтар мебошад. Мукарамма Назарова ва Ҳалим Каримов ин намунаро дар асоси таҷрибаҳои зиёди деҳқонӣ ва донишҳои андӯхтаашон дар бахши анорпарварӣ ба даст овардаанд. Умедворем, ки зану шавҳари ниҳолпарвар теъдоди ниҳолҳои анори навро дар оянда афзоиш дода, ба дигар боғдорон низ дастрас мегардонанд.

Бояд гуфт, ки Ҳ. Каримов ва М. Назарова дар баробари хуб донистани касби боғпарварӣ бо як маҳорати хос аз гиёҳҳои шифобахш маводи табобатӣ омода намуда, бо истифода аз таҷриба ба табобати дардмандон камари ҳиммат бастаанд. Ҳамсарон дар пухтани ғизоҳои миллӣ низ таҷрибаи ғанӣ дошта, беш аз 80 намунаи таомҳои миллиро бо сабку усули хос омода мекунанд. Онҳо дар мусобиқаву намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ зиёд ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Вақте мақоли машҳури «ба як инсон 40 ҳунар кам»-ро мешунавам, беихтиёр чеҳраҳои ин ҷуфти ба ҳам мушфиқу ғамхор пеши назарам ҷилва мекунанд.

 

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,

доктори илмҳои кишоварзӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш