Мактаб маконе мебошад, ки шахс қадамҳои нахус-тини хешро дар омӯзиш ва соҳиб шудан ба донишҳои аввалин аз он оғоз менамояд.
Дар ҳақиқат, нахустин бор мо хондан ва навиштани ҳарфҳо, калимаҳо, ҷумлаҳо, хондани китоб, баён намудани фикру андеша, саволу ҷавоб доданро маҳз дар ҳамин даргоҳи маърифат меомӯзем. Пас, мактаб макони илму адаб, зинаи нахустин дар фатҳи қуллаҳои баланди дониш мебошад, ки тавассути он ҳар фарди соҳибақл ба зинаҳои дигари омӯзиш, ба арсаи бовусъаттари таҳсил қадам мегузорад. Аҳамияти мактаб дар рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии шахсият беназир аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки донишмандон, шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон аввалин донишҳои хешро дар мактаб омӯхтаанд. Аввалин маҳорат ва малакаҳои донишандӯзӣ, истеъдодҳои ҳунарӣ, одобу рафтори ҳамида аз ҳамин даргоҳ маншаъ мегиранд. Тавассути дарсҳои таълимии боэътимод, завқовар, судманд ва пандомӯзи муаллимони варзида дар ниҳоди шогирдон ҳисси илмомӯзй, ҷамъоварии донишҳои навин, инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, масъулиятшиносй, ҳисси эҳтиром ба калонсолон, гиромидошти хотири бузургон ташаккул меёбаду неру мегирад.
Мактаб дар ҳамбастагӣ бо волидон дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаи муҳимро иҷро мекунад. Бо қабул гардидани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифа ва масъулияти волидон ва мактаб низ дучанд гардид. Алоқаи мактаб бо волидон дар ҳалли масъалаҳои мухталифи тадрис ва тарбияи шогирдон қавитар шуд. Дар дарсҳои адабиёт тавассути омӯзиши намунаҳо аз ҳаёти ибратомӯзи адибон, шахсони обрӯманди замон дар ниҳоди шогирдон ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, одоби ҳамида ва сифатҳои дигари хуби инсонӣ пайдо мегардад. Дар баробари ин, мактаб дар рушди ҷисмонии шогирдон низ саҳми махсус дорад. Дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ талабагон тавассути машқҳои варзишӣ бадани худро обутоб дода, дар ин ё он навъи варзиш қобилияти хуб пайдо мекунанд. Дар оянда аз ин қабил шогирдон варзишгарони номӣ ба воя мерасанд. Бояд қайд намуд, ки нақши мактаб барои ба ҳаёти солиму манфиатбор ва бобарор омода намудани насли наврас бағоят бузург аст.
Мактаби имрӯзаи мо бар дӯши хеш вазифаҳои муҳим ва хеле масъулиятнок дорад. Дар ин давроне, ки рушди илму техника ва технологияи навин тамоми гӯшаву канори ҷаҳонро фаро гирифтааст, нақши мактаб ҳамвора меафзояд. Акнун шогирдон бештар бо техника ва технологияи замонавӣ сари кор доранд. Бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабҳо дар сатҳи баланд муҷаҳҳаз гардиданд ва бо технологияҳои муосир таъминанд, барои тадриси шогирдон тамоми шароит муҳайё гаштааст. Дарсҳо асосан бо усулҳои пешрафтаи таълим баргузор мешаванд. Устодон тавассути иштирок дар курсҳо баҳри омӯзиши усулҳои замонавии таълиму тарбияи шогирдон соҳиби маҳорат ва малакаҳои нави таълими фанҳо мегарданд. Миёни муаллимони мактабҳо ва шогирдон истифода аз компютер ва шабакаҳои интернетӣ маъмул гаштааст. Акнун ҳамагон бо истифода аз ин технологияи навин зуд маълумоти зарурияшонро пайдо карда метавонанд. Ин барои шогирдон ва устодон, махсусан аз лиҳози сарфаи вақт хеле муҳим аст. Истифодаи бамаврид ва самаранок аз технологияи муосир яке аз омилҳои асосии рушди донишу маърифати насли наврас мебошад.
Товус Мӯсоева,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр