Раҳима Мирзокаримова.
Ин ном ба аҳли маорифи ноҳияи Сино шинос буд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56-и ноҳияи мазкур дар синфҳои ибтидоӣ фаъолият мекард ва дар байни ҳамкорон бо меҳнатдӯстию талошмандӣ ва ташаббускору ҷӯянда буданаш сазовори эҳтиром гардида буд. Ман бастаи (портфолио)-и таълимии муаллимаро варақ мезанаму аз корҳои анҷомдодаи шодравон, ки бешуморанд, дар ҳайрат мемонам. Дар ин баста намунаи машғулиятҳои таълимӣ, дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфии гузаронидаи Раҳима Мирзокаримова ҷой дода шудаанд Ҳамбаста бо фаъолияти омӯзгорӣ муаллима вақт ёфта, дар хусуси масоили гуногуни таълиму тарбия, роҳу усулҳои ҷолибу шавқовар ва омӯзандаи худ дар саҳифаҳои нашрияи «Омӯзгор» мақолаҳои пурмуҳтаво ба табъ мерасонд.
Дар маърӯзаю баромад ва мақолаю матолиби худ Раҳима Мирзокаримова саъй бар он менамуд, ки паҳлуҳои наву ибратомӯзи дарси замони муосирро дарёфт ва пешниҳоди ҳамкасбонаш гардонад. Таври мисол, дар мақолаи «Таълими проблемавӣ ва барномавӣ. Зарурати дарёфти услубҳои нав» муаллима ҳамчун мактабшиноси варзида намудҳои нави таълим-таълими проблемавӣ ва барномавиро таҳлилу тадқиқ карда, зарурати дарёфти усулҳои шавқовару муассири дарсиро муҳим мешуморад. Ӯ хеле ба маврид қайд мекунад, ки «муаллим набояд маводи таълимиро ба хонандагон нақл карда диҳаду хулосаҳои тайёрро баён намояд. Лозим аст, ки фикри хонандагонро ба маводи хониш ҷалб кунад, то онҳо донишҳои гирифтаашонро бо чизҳо ва воқеаҳои мушоҳидакардаи худ муқоиса намуда, дар асоси онҳо баровардани хулосаи умумиро ёд гиранд…» Ин андешаро муаллима ҳанӯз соли 2012 баён намуда буд, ки ҳоло дар бораи усули муносибати босалоҳият ба таълим сухане набуд. Бад-ин тариқ, Раъно Мирзокаримова муҳим будани таълими барномавиро ба таври махсус зикр намуда, дар хусуси моҳияти он ба тафсил сухан ронда, таъкид мекунад, ки ин намуди таълим дар хонанда андешаронии мустақилонаро тақвият медиҳад ва ӯ амалҳои пайдарҳами алоқамандро иҷро мекунад. Мақолаи «Биёмузем, то биомӯзонем» ба масоили тарбияи ахлоқии хонандагон бахшида шуда, мундариҷаи асосии онро ба камол расондани насли созандаи ҷомеа ташкил медиҳад.
Омӯзгори навовару ташаббускор дар тӯли 30 соли фаъолияти худ шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар содиқона хидмат мекунанд. Бархе аз онҳо пешаи омӯзгориро интихоб карда, дар таълимгоҳҳои гуногун аз пайи таълиму тарбияи насли наврасанд Солиёни зиёд Раҳима Мирзокаримова роҳбарии шӯрои методии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56-и ноҳияи Синоро ба зимма дошт ва ба омӯзгорони ҷавон маслиҳатҳои судманд медод. Мавсуф соли 1999 дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол» иштирок карда, сазовори ҷойи сеюм гардидааст. Хоксор буд муаллима ва ҳеҷ гоҳ даъвои ному шуҳрати баланд намекард. Вай, охир бо меҳнати шоёну садоқатмандона худ дар байни устодону омӯзгорон соҳиби нуфузу обрӯ гардида буд.
… Ман саҳифаҳои бастаи фаъолияти омӯзгор Р. Мирзокаримоваро варақгардон мекунаму ба ғайрату ҳавсалаи муаллима қоил мешавам. Муаллима саҳифаҳои нашрияи «Омӯзгор»-ро, ки дар он маводу мақолаҳои методии судманд вобаста ба сабку шеваҳои таълим дар синфҳои ибтидоӣ дар солҳои гуногун чоп шудаанд, дар портфолиои худ ҷой кардааст. Мусаллам аст, ки вай ин мақолаҳоро омӯхта, аз онҳо дар дарсҳояш ба таври самаранок истифода мекардааст.
Инак, ҳайати омӯзгорони мактаб муаллимаро ба некӣ ёд меоранд ва дар бораи ӯ суханони самимиву меҳромез мегӯянд. Оре, муаллима Раҳима Мирзокаримова бо корҳои неки худ ҳамеша дар ёдҳо боқӣ мемонад.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр