Таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад ва ҳамагон ба ин масъалаи рӯзмара бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд. Оё ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст? Ҳамчун омӯзгор аз таҷрибаи кории худ андешаамро дар ин бора иброз медорам. Аксари волидон ҳангоми бори аввал ба мактаб рафтани фарзанд (ба синфи якум) ӯро ба мактаб бо табъи хушу ширингӯиҳо, ҳатто, аксбардорию наворгириҳо гусел мекунанд. Ин манзара хеле диққатҷалбкунанда ва боиси хушҳолист. Мутаассифона, ин хурсандиҳо зиёд давом намекунанд. Баъди ба синфи ду, се ё чаҳор гузаштани хонанда омӯзгорон қисми зиёди ин волидонро дар муассиса ҷамъ оварда наметавонанд, ки ин албатта, ба сатҳи таълиму тарбия бетаъсир намемонад.
Саволе ба миён меояд, ки оё фарзандон танҳо дар хурдсолӣ назди падару модарон қадр доранд? Пас, ба фарзандони синни калон кӣ бояд таваҷҷуҳ дошта бошад? Мутаассифона, ин муносибати бепарвоёна ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон таъсири манфӣ расонида, дар оянда боиси ташвиши худи волидон мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандон хеле бодиққат бошем.
Муродалӣ Валиев,
омӯзгори забон ва адабиёти
тоҷики мактаби № 11-и шаҳри Кӯлоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр