Доктори илмҳои иқтисод, профессор Ҳамидуллохон Фақеров, ки зодаи деҳаи Ёли ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст, ҳанӯз айёме ҳамроҳи падари бузургвораш ба корҳои кишоварзӣ шуғл меварзид, амиқ дарк намуда буд, ки танҳо бо шуғли деҳқонӣ дар шароити рушди илму техникаи муосир ҷомеа пеш намеравад. Аз ин рӯ, аҳд намуд, ки оянда қтисодшинос бишавад. Ба ин мақсад донишҷӯи ДМТ шуд. Дар донишгоҳ донишҷӯи фаъолу ташаббускор буд.
Баъди хатми мактаби олӣ соли 1980 Ҳамидуллохон Фақе-рови ҷавонро дар яке аз муассисаҳои бонуфуз - Пажӯҳишгоҳи умумитифоқӣ оид ба омӯзиши талаботи аҳолӣ ба молҳои истеъмолӣ ва конюктураи савдои Вазорати савдои СССР (ВНИИКС) (филиали он дар Тоҷикистон) ба ҳайси иқтисоддон қабул намуданд. Маҳз қобилияти баланди раванди инкишофи иқтисодиро донистану онро пешбинӣ намудан ин мутахассиси ҷавонро ба ин муассисаи илмӣ овард.
Вақте ки кас бо фаъолияти меҳнатии ин иқтисоддони мумтози тоҷик шинос мегардад, бори дигар бовар ҳосил менамояд, ки ӯ дар ин соҳа шахсияти тасодуфӣ набуда, 12 соли расо дар муассисаҳои илмӣ – таҳқиқоти сатҳи умумитифоқӣ ҳамчун таҳқиқгар адои вазифа карда, бо бузургтарин иқтисоддонҳои давр шиносоӣ пайдо намудаю аз онҳо сабақ омӯхта, худ низ ҳамчун муҳаққиқи асили соҳаи иқтисоду тиҷорат дар соҳаи илми иқтисод мавқеи хосса пайдо кардааст. Ин донишманди варзида дар соҳаи иқтисодиёти савдо, масъалаҳои давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, ташаккул ва рушди бозори молҳои истеъмолӣ, рушд ва ислоҳоти соҳаи илму маориф ва бозори хизматрасониҳои таҳсилот, ки беш аз 90 асар навиштааст гувоҳӣ медиҳад.
Роҳи ба ҳам пайваст намудани фаъолияти илмию омӯзгориро ин донишманд аз соли 1992 ба ҳайси муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ оғоз намуда, минбаъд муовини декани факултаи менеҷмент ва баҳисобгирӣ, декани факултаи иқтисод ва менеҷмент, декани факултаи таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон, муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба таълиму тарбия идома дода, тамоми зинаҳои сабзиши касбию роҳбариро тай намуда, дар ҳама ҷодаи фаъолият худро ҳамчун омӯзгори асил, роҳбари ташкилотчию ботадбир, ғамхори ҳамкасбон нишон додааст.
Соли 2000-ум сарварии Донишгоҳи тиҷоратро ба зимааш гузоштанд. Суханони аввалине, ки ҳамчун роҳбари нави донишгоҳ иброз дошт, ин буд “Ман ҳамаи шуморо хеле хуб мешиносам. Аз ин рӯ, ба ҳамаатон баробар бовар дорам ва умедворам, ки ҳамин ҳамдигарфаҳмиамон асоси муваффақиятҳои мо хоҳад буд”. Воқеан ҳам, давраи 8 соли роҳбарии ин донишманди асил ва ташкилотчии моҳирро (аз соли 2000-ум то 2008) ҳама ҳамчун давраи шукуфоӣ дар ҳаёти донишгоҳ меҳисобанд.
Ин роҳбари пухтакор, дурандеш, адолатпеша ҳамеша баҳри он талош меварзад, ки муносибати байни кулли кормандон ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром, ҳамкорию созандагӣ ҳукмрон бошад.
Меҳнатдӯстӣ, қобилияти илмию навоварӣ ва роҳбарии ин шахсияти баруманд боис гардид, ки ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла, мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2008-2011), муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2011 – 2012), сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе (солҳои 2012- 2017) таъйин гардад.
Барои хизматҳои шоёнаш дар назди халқу Ватан бо нишонҳои “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” медали “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Ҳ. Фақеров соле қабл аз нав ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шуд, то ки ҳамон кору анъанаҳои некашро идома бахшад.
Ин донишманд ва роҳбари варзида аз соли 2006 академики Академияи байналмилалии илмҳои ташкилии Россия ва соли 2008 академики Академияи байналмиллалии кооператсия интихоб шудааст. Соли 2008 аз ҷониби Ассамблеяи тоҷирони Аврупо дар шаҳри Оксфорди Англия соҳиби ҷоизаи байналмилалии Суқрот ва унвони менеҷери беҳтарини соли 2008 гардидааст. Ба наздикӣ ин олими тоҷик узви Шӯрои экспертии иқтисодӣ дар назди Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ интихоб гардид. Айни замон ӯ узви Шӯрои ректорони Аврупо мебошад.
Н.САНГИНОВ,
Д.ХУМОРОД,
З.МАҲМАДУЛЛОЕВ,
омӯзгорони ДДТТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр